Ноябр 20, 2018 13:42 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Таҳрими Амрико Эронро ба пойи мизи музокира намекашонад

Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт: Сиёсати таҳримии Амрико, Эронро пойи мизи музокира намекашонад, балки Ҷумҳурии Исломиро барои муқовимат тақвият мекунад.

Муҳаммадҷаводи Зариф вазири умури хорҷаи Эрон дар гуфтугӯ бо рӯзномаи "Гардиан"-и чопи Англия, ки рӯзи душанбе мунташир шуд, бо таъкид бар инки миллати Эрон дар баробари фишорҳои Амрико таслим нахоҳад шуд, афзуд: Эрониён дар баробари фишорҳо муқовимат мекунанд ва бетардид ин марҳаларо низ сипарӣ хоҳанд кард.

Зариф бо интиқод аз изҳороти Майк Пампео вазири умури хориҷаи Амрико бинобар инки таҳримҳои ин кишвар маҳсулоти инсондӯстона ба Эронро ҳадаф қарор надодааст, тасреҳ кард: Таҳримҳо ба далели ин ки дар ҳавзаи молӣ ҷорӣ шудааст, интиқоли маводи ғизоӣ ва дорӯро бо мушкилоти ҷиддӣ рӯбарӯ кардааст.

Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин бо ибрози нохурсандӣ аз раванди оҳистаи Иттиҳодияи Аврупо дар эҷоди созу кори вижаи молии мавсум ба SPV афзуд: Аврупо дар баробари БАРҶОМ тааҳҳуди сиёсӣ дода, аммо мутаассифона дар ҳавзаи амал, хеле ором ҳаракат кардааст.

Зариф ба дидори рӯзи душанбе бо Ҷереми Ҳант вазири умури хориҷаи Англия дар Теҳрон низ ишора кард ва гуфт: Ҳант тааҳҳуд дод, ки Англия ба ҳифзи БАРҶОМ мӯътақид аст, аммо бояд иқдоми амалӣ дар ин замина мушоҳида шавад.