Ҳимояти Эрон аз талошҳои маҷомеи байналмилалӣ дар манъи густариш ва халъи силоҳи ҳастаӣ
(last modified 2018-12-02T15:11:59+00:00 )
Декабр 02, 2018 20:11 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти Эрон аз талошҳои маҷомеи байналмилалӣ дар манъи густариш ва халъи силоҳи ҳастаӣ

Раиси Комиссияи қазоӣ ва ҳуқуқии маҷлиси шӯрои исломӣ гуфт : Эрон бар асоси мавозеи усулии худ ҳамвора аз талошҳои маҷомеи байналмилалӣ дар манъи густариш ва халъи силоҳи ҳастаӣ ҳимоят кардааст.

Алаҳёр Маликшоҳӣ, раиси Комиссияи қазоӣ ва ҳуқуқии Маҷлиси шӯрои исломии Эрон дар ифтитоҳияи Конфронси “Силоҳҳои ҳастаӣ ва паёмадҳои ғайриинсонии он” дар Санкт-Петербург гуфт: Як мавриди истифода аз силоҳи ҳастаӣ муҷиби бурузи чунон фоҷеаи инсонӣ ва осори зиёнбор ва ғайри қобили пешбинӣ шуд, ки собит кард, амнияти башар бо таҳдиде бузург рӯ ба рӯ аст.

Вай бо ишора ба хуруҷи якҷониба ва ғайриқонунии Амрико аз барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) гуфт: Ин тавофуқ ҳосили солҳо гуфтугӯ буд, ки Амрико борҳо онро нақз кард ва дар ниҳоят бо иқдоме муғойир бо қатъномаи Шӯрои амният, аз он хориҷ шуд.

 

 

Барчасп