Аккоси эронӣ барандаи дипломи ифтихори ҷашнвораи Русия
(last modified Sat, 15 Dec 2018 09:12:00 GMT )
Декабр 15, 2018 14:12 Asia/Dushanbe
  •  Аккоси эронӣ барандаи дипломи ифтихори ҷашнвораи Русия

Микоил Боязидӣ, аккоси эронӣ дар ҷашнвораи байналмилалии акси 35Award -и Русия муваффақ ба дарёфти дипломи ифтихор шуд.

Дар бахши акси ҳавоии ҷашнвораи байналмилалии Русия 801 аккосон бо беш аз ҳазору 753 асар аз 72 кишвари ҷаҳон ҳузур доштанд, ки асари Боязидӣ ҷузви аксҳои бартар интихоб шуд ва дипломи ифтихорро касб кард.

Бахши ҳаёти ваҳш низ охирин қисмати ҷашнвораи байналмилалии акси 35Award буд, ки Бойзидӣ тавонист дар маҷмуъ 6 дипломи ифтихор аз маҷмӯи 9 аксро дар бахшҳои мухталиф касб кунад.

Ин аккоси хушзавқ ҳамчунин ба унвони аввалин аккоси эронӣ дар ҷашнвораи байналмилалии AB дар кишвари Ҳинд тавонист ҷоизаи вижаи доваронро бо аксе аз дарёчаи Урумия дарёфт кунад.