Паёми таслияти Рӯҳонӣ ба муносибати даргузашти оятуллоҳ Ҳошимии Шоҳрӯдӣ
(last modified 2018-12-25T08:06:46+00:00 )
Декабр 25, 2018 13:06 Asia/Dushanbe
  • Паёми таслияти Рӯҳонӣ ба муносибати даргузашти оятуллоҳ Ҳошимии Шоҳрӯдӣ

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон даргузашти оятуллоҳ Сайидмаҳмуд Ҳошимии Шоҳрудӣ, раиси Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом ва раиси пешини қувваи қазоияи Эронро таслият гуфт.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёме бо ибрози андуҳ аз даргузашти раиси фақиди Маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми Эрон таъкид кард, оятуллоҳ Ҳошимии Шоҳрудӣ зимни халқи осори мутааддиди илмӣ ва фиқҳи фохир барои иртиқои фарҳангу тамаддун исломӣ - эронӣ, тақвияти иртибот байн ҳавза ва донишгоҳ ва тавсеаи улуми инсонӣ "донишгоҳи адолат"-ро таъсис кард, то гоми муҳиму мондагор дар нашри фарҳанги исломӣ ва улуми қазоӣ бошад.

Оятуллоҳ Сайид Маҳмуди Ҳошимии Шоҳрӯдӣ, раиси Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом ва раиси пешини қувваи қазоияи Ҷумҳурии Исломии Эрон пас аз таҳаммули як давраи беморӣ асри душанбе дар синни 70-солагӣ даргузашт.

Раиси қувваи қазоия, раис маҷлис ва вазири умури хориҷӣ низ дар паёмҳои ҷудогонае даргузашти оятуллоҳ Сайидмаҳмуд Ҳошимии Шоҳрӯдӣ, раиси Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом ва раиси собиқи қувваи қазоияи Ҷумҳурии Исломии Эронро таслият гуфтанд.

 

Барчасп