Раҳбари инқилоб даргузашти оятуллоҳ Ҳошимии Шоҳрӯдиро таслият гуфтанд
(last modified Tue, 25 Dec 2018 10:09:38 GMT )
Декабр 25, 2018 15:09 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари инқилоб даргузашти оятуллоҳ Ҳошимии Шоҳрӯдиро таслият гуфтанд

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ даргузашти оятуллоҳ Сайидмаҳмуд Ҳошимии Шоҳрӯдӣ, фақеҳи олиқадр ва раиси Маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми Эронро таслият гуфтанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ рӯзи сешанбе дар паёме бо ибрози таассуф ва андуҳ аз даргузашти оятуллоҳ Ҳошимии Шоҳрӯдӣ таъкид карданд, ин зоеаи асафбор, ки пас аз ҳудуди як соли бемории сахт ва дарднок воқеъ шудааст, мояи алами ҳама касоне аст, ки ба мақоми илмӣ ва хадамоти боарзиши эшон ба низоми исломӣ ва низ ба маҷмӯаҳои фиқҳӣ, усулӣ ва ҳуқуқии ҳавзаҳои илмӣ ошно мебошанд. Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ оятуллоҳ Ҳошимии Шоҳрудиро устоди бузург дар ҳавзаи илмии Қум, коргузори бовафо дар муҳимтарин ташкилоти низоми ҷумҳурии исломӣ, узви муассире дар Шӯрои нигаҳбон ва раиси муваффақе дар Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом тавсиф карданд.

Оятуллоҳ Сайидмаҳмуд Ҳошимии Шоҳрӯдӣ, раиси Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом ва раиси пешини қувваи қазоияи Ҷумҳурии Исломии Эрон пас аз таҳаммули як давраи беморӣ шаби гузашта дар синни 70-солагӣ даргузашт.