Ҳимояти Чин аз талоши Эрон барои таҳаққуқи сулҳ дар Афғонистон
(last modified 2019-01-04T14:31:30+00:00 )
Январ 04, 2019 19:31 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти Чин аз талоши Эрон барои таҳаққуқи сулҳ дар Афғонистон

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Чин эълом кард, Пекин аз талоши кишварҳои минтақа ба вижа Ҷумҳурии Исломии Эрон барои таҳаққуқи сулҳи пойдор дар Афғонистон ҳимоят мекунад.

Лу Конг рӯзи ҷумъа дар гуфтугӯ бо ИРНА дар бораи сафари ахири намояндагони Толибон ба Теҳрон ба манзури кумак дар тасҳили музокироти сулҳи Афғонистон таъкид кард, Чин ҳамеша аз раванди сулҳ ва оштӣ дар Афғонистон тавассути мардум ва давлати ин кишвар ҳимоят кардааст.

Сухангӯи вазорати хориҷаи Чин афзуд, кишвараш бо ҷомеаи байналмилалӣ барои тақвияти ҳамоҳангиҳо барои сулҳи пойдор дар Афғонистон ҳамкорӣ мекунад.

Лу Конг ҳамчунин бо интиқод аз мавозеи Амрико зидди Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) тасреҳ кард, ҳамаи тарафҳо бояд ба ҳифз ва иҷрои ин тавофуқнома поибанд буда ва масоил дар ин заминаро бо гуфтугӯ ҳал кунанд.

 

Барчасп