Равобит умумии артиши Эрон: Ҳавопаймои садамадида дар атрофи Караҷ, борбарӣ буд
Равобит умумии артиши Эрон дар баёнияе эълом кард: субҳи имрӯз (душанбе) як ҳавопаймои борбарии Boeing 707 ҳомили гушт, аз Бишкеки Қирғизистон иқдом ба фуруди изтирорӣ дар фурудгоҳи Фатҳи Албурз (ғарби Теҳрон) кард, ки ҳангоми фуруд аз хати парвоз хориҷ шуд.
Дар идомаи баёнияи равобит умумии артиши Эрон омадааст: ин ҳавопаймои борбарӣ пас аз бархӯрд бо девори поёнии хати парвоз дучори оташсӯзӣ шуд.
Дар ҳамин замина; Муҷтабо Холидӣ, сухангӯи Созмони ожонси Эрон гуфт, 16 нафар дар ин ҳавопаймо буданд, ки пайкари ҳафт фавтидаи ин сониҳа дар Караҷ пайдо шудааст. Дар хабарҳои аввалия эълом шуда буд, теъдоди хадамаи ин парвоз 10 нафар буданд.
Холидӣ афзуд, муҳандиси парвози ин ҳавопаймо зиндааст ва ба бемористон мунтақил шудааст.