Мақоми аршади курди ироқӣ: Калимае барои сипосгузорӣ аз Эрон намеёбам
Начирвони Боризонӣ, нахуствазири иқлими Курдистони Ироқ гуфт, наметавонад бо вожаҳо аз кумакҳои Эрон ба иқлими Курдистон қадрдонӣ кунад.
Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Эрон, ки дар шаҳри Эрбил, маркази иқлими Курдистони Ироқ ҳузур дорад, дар Нишасти тиҷории Эрон ва иқлими Курдистон бо ҳузури Начирвони Боризонӣ дидор ва гуфтугӯ кард.
Муҳаммадҷаводи Зариф дар дидори Начирвони Боризонӣ дар Эрбил гуфт: “Мо хоҳарон ва бародарони курд дар Ироқ ва Сурияро аз худ медонем, чун мо аз як реша ҳастем ва ҳамаи мо дар канори ҳам будем”.
Вай афзуд: “Замоне, ки режими Саддом Ҳалабчаро бомбборони химиявӣ кард, ҳамонқадар, ки мардуми курд гиристанд, мардуми Эрон низ гиристанд”.
Вазири хориҷаи Эрон ҳамчунин таъкид кард, равобити Теҳрон бо Бағдод ва минтақаи Курдистони Ироқ, дерина, мумтоз, созанда ва дар ҳавзаи иқтисодӣ ва бозаргонӣ рӯ ба густариш аст.
Зариф гуфт, Эрон аз ташкили давлати қудратманд дар иқлими Курдистон дар зудтарин замони мумкин ҳимоят мекунад.
Начирвони Боризонӣ низ дар ин нишаст бо ишора ба ҳимоят ва пуштибонии Эрон аз иқлими Курдистони Ироқ дар замони ҳамлаи химиявии Саддом ва низ ҳамлаи террористҳои ДИИШ ба ин минтақа афзуд: Мардуми Курдистони Ироқ ҳеҷгоҳ ин ҳимоятҳоро фаромуш нахоҳанд кард.
Вай гуфт: Калимае барои сипосгузорӣ аз кумакҳои Эрон ба иқлими Курдистон намеёбам.
Муҳаммадҷаводи Зариф, ки якшанбе сафари чаҳоррӯзаро ба Ироқ оғоз кард, субҳи сешанбе бо истиқболи расмии нахуствазири иқлими Курдистон дар Фурӯдгоҳи Эрбил, вориди ин минтақа шуд.
Зариф илова бар дидор бо чанд мақоми олирутбаи иқлими Курдистони Ироқ, дар Бағдод низ бо раисҷумҳур, раиси маҷлис, вазири хориҷа ва чанд мақоми дигари сиёсии Ироқ дидор кард.