Рӯҳонӣ: Эрон тарсе аз таҳримҳо надорад
Раисҷумҳури исломии Эрон гуфт: Эрон аз таҳрим наметарсад ва аз аҳдофи худ ақибнишинӣ намекунад.
Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури исломии Эрон дар ҷаласаи Шӯрои идории устони Гулистон (шимоли Эрон) бо баёни инки Эрон дар ҷанги иқтисодӣ қарор дорад, афзуд: Тарафи муқобили Эрон дар ҷанги иқтисодӣ, Амрико, режими Исроил ва теъдоде аз кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс ҳастанд.
Рӯҳонӣ бо ишора ба аҳдофи Амрико аз оғози ҷанги иқтисодӣ бо Эрон тасреҳ кард: Камранг кардани нақши Эрон дар минтақа, муқобила бо пешрафтҳои мушакӣ ва ҳастаӣ, эҷоди монеъ дар масири рушд ва тавсеа ва эҷоди фосила байни мардум ва масъулон, аз ҷумлаи аҳдофи Амрико аз оғози ҷанги иқтисодӣ бо Эрон аст, аммо ҷумҳурии исломӣ бо муваффақият аз ин ҷанг убур хоҳад кард.
Раисҷумҳури исломии Эрон ҳамчунин бо таъкид бар инки Теҳрон ҳаргиз мутаҷовиз ба ҳуқуқи байналмилалӣ набудааст, гуфт: Бархилофи Амрико, ки аз БАРҶОМ хориҷ шуд, Ожонсии байналмилалии энержии атомӣ ҳамчунон эълом мекунад, ки Эрон комилан ба тааҳҳудоти худ пойбанд будааст.
Вай бо ишора ба шикасти Амрико ва муттаҳидони ин кишвар дар минтақаи ғарби Осиё афзуд: Дар чанд соли гузашта бархе кишварҳои минтақа беш аз 100 миллиард доллар аслиҳа аз Амрико харидорӣ карданд, аммо алорағми ин таслиҳот эълом мекунанд, ки дар Яман шикаст хурдаанд.
Раисҷумҳури исломии Эрон субҳи душанбе дар сафаре дурӯза вориди устони Гулистон шуд ва оғози баҳрабардорӣ аз чанд тарҳи умрониро дар ин устон содир кард.