Январ 31, 2019 17:20 Asia/Dushanbe
  • Рӯнамоӣ аз паҳподи паҳнпайкари худкор дар Эрон

Нахустин ҷети паҳнпайкари нерӯи ҳавоии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ҳузури фармондеҳи кулли артиши Эрон, рӯнамоӣ шуд.

Ин паҳпод(парандаҳои ҳидоятпазир аз дур)-и паҳнпайкар, ки имрӯз (панҷшанбе) дар намоишгоҳи иқтидори ҳавоии нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба намоиш даромад, қобилит‎ҳои размӣ ва шиносоӣ дорад.

Дар ин намоишгоҳ ҳамчунин, анвои ҳавопаймоҳои таробарӣ, шиносоӣ, ҷанганда ва болгардҳои нерӯи ҳавоии артиши Эрон, ҳаво фазоии сипоҳ, ҳаво-дарё ва ҳавоии нерӯи артиш ба намоиш даромадааст. Анвои радарҳо, системаҳои фармондеҳӣ ва контрол, системаҳои пдофанди ҳавоӣ ва сомонаҳои мушакии нерӯҳои мусаллаҳ низ дар намоишгоҳи иқтидори ҳавоии нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба намоиш даромаданд. Ин намоишгоҳ то 11 феврал доир аст.

 

 

Барчасп