Посухи зарифи Зариф ба Трамп
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i41512-Посухи_зарифи_Зариф_ба_Трамп
Вазири умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба суханронии зиддиэронии раисҷумҳури Амрико таъкид кард, бо вуҷуди мавозеи хасмона ва душманиҳои Вашингтон, эрониҳо дар ҳоли ҷашн гирифтани чиҳилумин соли пешрафташон ҳастанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 06, 2019 09:45 Asia/Dushanbe
  • Посухи зарифи Зариф ба Трамп

Вазири умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба суханронии зиддиэронии раисҷумҳури Амрико таъкид кард, бо вуҷуди мавозеи хасмона ва душманиҳои Вашингтон, эрониҳо дар ҳоли ҷашн гирифтани чиҳилумин соли пешрафташон ҳастанд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико бомдоди чаҳоршанбе дар конгресси ин кишвар бо такрори иддаоҳои ҳамешагӣ алайҳи Эрон гуфт, сахттарин таҳримҳоро алайҳи мардуми Эрон эъмол кардааст.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Эрон рӯзи чаҳоршанбе пас аз суханронии солонаи раисҷумҳури Амрико дар конгресси ин кишвар ва такрори мавозеи зиддиэронии ӯ, дар сафҳаи шахсии худ дар Твиттер навишт, душмании Амрико сабаб шудааст, ки Иёлоти Муттаҳида аз диктаторҳо, қассобҳо ва тундравҳое, ки дар минтақаи ғарби Осиё фақат харобӣ эҷод кардаанд, ҳимоят кунад.