Феврал 06, 2019 21:00 Asia/Dushanbe
  • Дастгири панҷ нафар аз авомили ҳодисаи тирандозӣ дар Хуррамобод

Фармондеҳи интизомии устони Луристон, ғарби Эрон, аз дастгирии панҷ нафар аз авомили ҳодисаи тирандозӣ ва инфиҷор дар Хуррамобод хабар дод.

Муҳаммади Маҳдиённасаб, фармондеҳи интизомии устони Луристон гуфт: Бо талоши маъмурони интизомии Хуррамобод, панҷ нафар аз авомили ҳодисаи тирандозӣ шиносоӣ ва дастгир шуданд ва таҳқиқот дар ин замина идома дорад.

Вай дар бораи тирандозии муҳоҷимон ба полиси Хуррамобод афзуд: Бомдоди имрӯз чанд муҳоҷим пас аз тирандозӣ ба мошини сӯхтрасони паркшуда дар муҳавватаи нуқтаи бензин, ба сӯи нерӯҳои интизомӣ, ки машғули гаштзанӣ дар минтақа буданд низ оташ гушуданд, ки бар асари он, як сарбози вазифа ба шаҳодат расид ва як афсари полис ҳам маҷрӯҳ шуд.

 

Барчасп