Феврал 10, 2019 13:17 Asia/Dushanbe
  • Хабарнигорони 300 расонаи хориҷӣ дар ҷашни чиҳилсолагии инқилоб

Қоиммақоми шӯрои ҳамоҳангии таблиғоти исломии Эрон гуфт: Ҳамгом бо расонаҳои дохилӣ, беш аз 300 расонаи хориҷӣ роҳпаймоии 22 баҳмани 97-ро пӯшиши хабарӣ ва тасвирӣ хоҳанд дод.

Насруллоҳи Лутфӣ рӯзи якшанбе дар гуфтугӯ бо ИРНА бо ташреҳи ҷузъиёти наҳваи ҳузури хабарнигорон дар маросими роҳпаймои 22 баҳман гуфт: Тибқи барномарезии анҷомгирифта, ҳудуди шаш ҳазору 500 нафар аз авомили хабарии расонаҳои мухталифи дохилӣ ва хориҷӣ шомили хабарнигор, аккос ва филмбардор қарор аст ин рӯйдоди бузургро пӯшиши хабарӣ ва тасвирӣ диҳанд.

Лутфӣ афзуд: 200 меҳмони хориҷӣ аз шахсиятҳои сиёсӣ, мазҳабӣ, варзишӣ ва донишгоҳӣ низ илова бар авомили хабарии расонаҳои хориҷӣ дар ин маросим ҳузур хоҳанд дошт.

Инқилоби  исломии Эрон 11 феврали 1979 ба раҳбарии ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ) бунёнгузори кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон ба пирӯзӣ расид.

Мардуми саросари Эрони исломӣ ба ҳамин муносибат бо ҳузури густурда дар роҳпаймоии солгарди пирӯзии инқилоби исломӣ, бо ормон‎ҳои бунёнгузори кабири Ҷумҳурии исломӣ ва ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таҷдид паймон ме‎кунанд.

Роҳпаймоии 22 баҳмани имсол рӯзи душанбе дар беш аз ҳазор шаҳр ва 10 ҳазор русто дар Эрони исломӣ ба сурати ҳамзамон баргузор мешавад.

 

Барчасп