Роҳпаймоёни теҳронӣ шаҳодати кӯдаки 6 солаи Арабистониро маҳкум карданд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i41617-Роҳпаймоёни_теҳронӣ_шаҳодати_кӯдаки_6_солаи_Арабистониро_маҳкум_карданд
Ширкаткунандагон дар роҳпаймоии чиҳилумин солгарди пирӯзии инқилоби исломии Эрон, шаҳодати кӯдак 6 сола дар шаҳри Мадинаи Арабистон ба дасти як ваҳҳобии ҷинояткорро маҳкум карданд.  
(last modified 2025-12-10T09:53:47+00:00 )
Феврал 11, 2019 16:24 Asia/Dushanbe
  • Роҳпаймоёни теҳронӣ шаҳодати кӯдаки 6 солаи Арабистониро маҳкум карданд

Ширкаткунандагон дар роҳпаймоии чиҳилумин солгарди пирӯзии инқилоби исломии Эрон, шаҳодати кӯдак 6 сола дар шаҳри Мадинаи Арабистон ба дасти як ваҳҳобии ҷинояткорро маҳкум карданд.  

Рӯзҳои ахир Закариё Бадралӣ Алҷобир, кӯдаки 6 солаи шиа, ки ба ҳамроҳи модараш барои зиёрати марқади мутаҳҳари расули акрам (с) ба Мадина мерафт, ба дасти ронандаи таксии ваҳҳобии Саудӣ ба таври фаҷее ба шаҳодат расид.

Закариё Бадралӣ Алҷобир

Ширкаткунандагон дар роҳпаймоии 22 баҳман, чиҳилумин солгарди пирӯзии инқилоби исломии Эрон дар шаҳри Теҳрон, бо ҳамли тасовири кӯдаки 6 солаи арабистонӣ, шиорҳои “марг бар ваҳҳобият” ва “марг бар Оли Сауд” сар доданд.

Роҳпаймоии чиҳилумин солгарди пирӯзии инқилоби исломии Эрон субҳи имрӯз ба таври ҳамзамон дар беш аз ҳазор шаҳру 10 ҳазор русто дар саросари Эрони исломӣ баргузор шуд.