Феврал 13, 2019 17:42 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Тавтеаҳои Амрико таъсире дар иродаи мардуми Эрон надорад

Раисҷумҳури исломии Эрон гуфт: Тавтеаҳои қудратҳои бузург бавижа Амрико, наметавонад дар иродаи мардуми Эрон таъсиргузор бошад.  

Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури исломии Эрон дар ҷаласаи ҳайъати давлат, бо баёни инки мардуми Эрон дар роҳпаймоии 22 баҳман санги тамом гузоштанд, афзуд: Мардуми Эрон дар ин роҳпаймоӣ ба ҷаҳониён эълом карданд, ҳаргиз намехоҳанд, ҳокимияти мардум бар сарнавишти худро таҳвили таҷовузгарони хориҷӣ диҳанд.

Рӯҳонӣ бо баёни инки роҳ ва масире, ки миллати Эрон ба дурустӣ 40 сол пеш интихоб кард, бо қудрат идома меёбад, изҳор кард: Душманон таи яксоли гузашта ба таври мудовим талош карданд, ки мардуми Эронро нигарон, парешон ва маъюс кунанд, аммо миллати Эрон бори дигар барои иззат, истиқлол ва ҳайсияти худ меистад ва ҳозир нест, дар баробари душман, таслим шавад.

 

Барчасп