Феврал 26, 2019 09:36 Asia/Dushanbe
  • Руҳонӣ: Равобити Теҳрон - Димишқ бар мабнои бародарӣ ва ваҳдат устувор аст

Раиси  Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни ин ки Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчун гузашта дар канор мардум ва давлати  Сурия хоҳад буд, гуфт, равобити Теҳрон - Димишқ бар мабнои бародарӣ ва ваҳдат устувор аст.

Ҳасани Руҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон асри душанбе дар дидори Башор Асад, раисиҷумҳурии арабии Сурия дар Теҳрон, пирӯзиҳои миллат, давлат ва артиши Сурия баробари террористҳоро муҳим ва арзишманд  донист ва гуфт: Эрон дар масири мубориза бо терроризм ҳамвора дар канори Сурия истода ва аз ҳеҷ кумаке дар ин росто дареғ накардааст.

Руҳонӣ бо ишора ба инки Эрон омодаи мушорикат дар раванди бозсозии Сурия аст, афзуд, Теҳрон дар раванди субот, бозгашти оворагон ва фароянди сиёсии дохилӣ низ дар канори Димишқ хоҳад буд.

Вай бо ибрози хурсандӣ аз беҳбуди авзои амниятӣ дар бештари манотиқи Сурия, гуфт, дар иҷлоси ахири Сочии Русия сарони Эрон, Русия ва Туркия бар зарурати ҳифзи тамомияти арзии  Сурия таъкид ва ҳар гуна идомаи ҳузури нерӯҳои хориҷӣ ва амрикоӣ бидуни иҷозаи давлати  Сурияро маҳкум карданд.

Башор Асад, раисиҷумҳури  Сурия низ дар ин дидор бо баёни инки давлат ва миллати  Сурия ҳамвора қадрдони ҳимоятҳои бародаронаи раҳбарӣ,  давлат ва миллати Эрон дар масири мубориза бо террористҳо ва ҳифзи амният дар Сурия ва минтақа ҳастанд,  гуфт, ман барои ибрози ин қадрдонӣ ба Теҳрон сафар кардаам.

Раисиҷумҳури Сурия изофа кард, имрӯз Сурия аз субот ва амнияти бештаре нисбат ба гузашта бархурдор аст. Башор Асад таъкид кард, аз рӯйкарди Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҳамкориҳо  чандҷониба,  аз ҷумла раванди Остона ва нишасти ахири Сочи дар ростои тасбити амният ва оромиш дар Сурия ҳимоят мекунем.

Башор Асад бо ишора ба инки Эрон ва Сурия аз тариқи вазирони хориҷа ва намояндагони вижаи худ, ҳамкори танготанаге дар сатҳи минтақа ва Созмони Милали Муттаҳид доранд, изҳор дошт, раванди сиёсӣ дар Сурия бояд ба самте биравад, ки илова бар ҳифзи тамомияти  арзӣ ва истиқлол, танҳо иродаи миллати  Сурия ҳоким бошад.

 

Барчасп