Март 03, 2019 18:57 Asia/Dushanbe
  • Фармондеҳи нерӯҳои баҳрии Сипоҳи посдорон аз тавлиди силоҳи зиддилазерӣ хабар дод

Фармондеҳи нерӯҳои баҳрии Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ аз тавлиди силоҳи зиддилазерӣ барои муқобила бо силоҳи лазерии Амрико хабар дод.

Алиризои Тангасирӣ, фармондеҳи нерӯҳои баҳрии Сипоҳи посдорон дар гуфтугӯ бо хабаргузории “Тасним” гуфт, мутахассисони Сипоҳи посдорон барои муқобила бо силоҳи лазерӣ ва паҳподҳои амрикоиҳо барномарезӣ кардаанд. Тангасирӣ бо ишора ба тавони сохти анвои шиноварҳо дар нерӯҳои баҳрии Сипоҳ таъкид кард, ҳамакнун дар марокизи саноатии нерӯҳои баҳрии Сипоҳ шиноварҳои гаштӣ ва мушакандоз тавлид мешавад. Фармондеҳи нерӯҳои баҳрии Сипоҳ ҳамчунин тасреҳ кард, Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ дар ояндаи наздик шиновари 65-метрӣ, ки муҷаҳҳаз ба мушак, аждар (торпедо) ва тавони ҳамли болгард аст, тавлид хоҳад кард.

 

Барчасп