Эрон иқдоми террористӣ дар Зеландияи Навро маҳкум ва онро ваҳшиёна хонд
(last modified Fri, 15 Mar 2019 13:11:18 GMT )
Март 15, 2019 18:11 Asia/Dushanbe
  • Эрон иқдоми террористӣ дар Зеландияи Навро маҳкум ва онро ваҳшиёна хонд

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон иқдоми террористӣ дар Зеландияи Навро ваҳшиёна хонд ва хоҳони шиносоӣ ва бархурди давлати Зеландияи Нав бо омилони ин иқдом шуд.

Дар пайи ҳамлаи террористии имрӯз ба намозгузорон дар ду масҷид дар шаҳри Крайстчерчи Зеландияи Нав 49 тан кушта ва беш аз 27 нафар захмӣ шуданд.

Баҳроми Қосимӣ рӯзи ҷумъа аз давлати Зеландияи Нав хост бо шиносоии сареи омилони ин иқдоми нажодпарастона, бо иҷрои адолат ва фориғ аз ҳар гуна мулоҳизае, бо онон бархурд кунад.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷа Эрон таъкид кард: Ҳар иқдоми террористӣ дар ҳар ҷо ва тавассути ҳар кас ва ба ҳар баҳона ва ангезае сурат бигирад, бояд аз сӯи тамоми кишварҳо маҳкум шавад ва давлатҳо иҷоза надиҳанд ҷараёнҳо ва афкори нажодпарастона ва исломситезона амният ва оромиши шаҳрвандони кишварҳоро ба хатар биандозанд.

 

Барчасп