Хатиби ҷумъаи Теҳрон: Ҷиноёти ДИИШ дар мактаби ваҳҳобияти саудӣ реша дорад
Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ҷиноёти гурӯҳи террористии ДИИШ дар Сурияро баргирифта аз тафаккури такфирии ҳоким бар Арабистони Саудӣ донист.
Оятуллоҳ Сайидаҳмади Хотамӣ, хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба ҷинояти гурӯҳи террористии ДИИШ дар рӯзи Иди саиди Қурбон дар Сурия ва сар буридани 19 ҷавони сурӣ гуфт, ваҳшигириҳои ДИИШ аз мактаби тафаккури ваҳҳобияти саудиҳо нишот гирифтааст.
Оятуллоҳ Хотамӣ бо баёни ин ки аз замоне, ки Оли Сауд бо кӯмаки англисҳо дар Арабистон ба қудрат расида, бо одамкушӣ ва ғорат ба масири худ идома додааст, афзуд: "Он чи имрӯз дар Яман мушоҳида мешавад, натиҷаи се қарн таҷовуз ва ғоратгариву одамкушии саудиҳост".
Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон давлати Арабистонро режими зидди ҳуқуқи башарӣ донист ва гуфт, саудиҳо, ки пештар махфиёна бо режими саҳюнистӣ иртибот доштанд, имрӯз ошкоро ба ин робита идома медиҳанд ва Оли Сауд шарики ҷиноёти саҳюнистҳо дар ҷанг бо мардуми мазлум ва бедифои Фаластин аст.
Оятуллоҳ Хотамӣ, ҳамкории Арабистон бо режими саҳюнистиро доғи нангине барои Оли Сауд донист ва афзуд, ҷаҳони Ислом ба зудӣ шоҳиди суқути ин режими кӯдаккуш хоҳад буд.
Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон дар бораи оташбаси эъломӣ дар Сурия низ гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҳар иқдоме, ки ба хунрезӣ дар Сурия поён диҳад, ҳимоят мекунад.
Оятуллоҳ Хотамӣ Амрико ва Ғарбро омили идомаи буҳрон дар Сурия донист ва афзуд: "Танҳо роҳи поёни буҳрони Сурия хуруҷи Амрико ва гурӯҳҳои террористӣ ва ҳомиёнашон аз ин кишвар аст".