Март 19, 2019 14:40 Asia/Dushanbe
  • Ҳафдаҳумин Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодии Эрон ва Чин

Ҳафдаҳумин Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодии Эрон ва Чин бо ҳузури Фарҳоди Дижписанд, вазири умури иқтисодӣ ва дороии Эрон рӯзи дуашнбе дар Пекин оғоз ба кор кард.

Дар ин нишасти дурӯза, роҳкорҳои густариши ҳамкории дуҷониба дар ҳавзаҳои сармоягузорӣ, тиҷорӣ, молӣ ва бонкӣ, гумрук ва масоили марзӣ, иртиботот, энержӣ ва муҳити зист, кишоварзӣ, амнияти ғизоӣ ва беҳдошт, илмӣ ва омӯзишӣ ва фарҳангу гардишгарӣ баррасӣ мешавад.

Муносиботи иқтисодии Эрон ва Чин бар мабнои танаввуъбахшӣ ба равобит аст, ки дар он аҳдофе ҳамчун дастрасӣ ба бозорҳои ҷадид, тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ, иртиқои тавлид ва шаклгирии тиҷорати дусӯя пешбинӣ шудааст.

Мавқеияти вижаи Эрон дар ғарби Осиё бо бархурдорӣ аз шабакаи ҳамлу нақли роҳи оҳани густурда ва иттисоли он бо кишварҳои минтақа ва дастрасӣ ба обҳои озоди байналмилалӣ дар дарёи Уммон ва халиҷи Форс, аз мазиятҳое аст, ки Эронро ба ҳалқаи аслии транзитӣ дар минтақа табдил кардааст. Масири тиҷории Эрон дар воқеъ муҳимтарин ҳалқаи иртиботи роҳи хушкӣ ва дарёӣ бо ҷодаи таърихии абрешим аст, ки метавонад нақши муҳиме дар мисири густариши ҳамкори‎ҳо ифо кунад. Ин мавқеияти вижа аҳамияти тавсеаи равобити тиҷории Эрон ва Чинро дубаробар кардааст. Бо таваҷҷуҳ ба ин мавқеият, ду кишвар расидан ба мубодилоти тиҷории 60 миллиарддолларӣ дар солро ҳадафгузорӣ кардаанд.

Илова бар ин ҷанба аз муносиботи иқтисодӣ,Чин як бозори бузурги масрафи энержӣ аст. Ба ҳамин далел дар ҳоли ҳозир нафт, газ ва петрошимӣ дар садри авлавияти содиротии Теҳрон ба Пекин қарор дорад.

Андри Ю, мудири дафтари байналмилалии федератсияи санъати нафт ва маводи кимиёии Чин мегуяд, ширкатҳои чинӣ дар ҳар шароите ба нафти Эрон ниёз доранд ва ба хариди он идома медиҳанд. Ин як риволи оддӣ миёни Эрон ва Чин аст ва иртиботе ба Амрико надорад.

Ши Ҷинпинг, раисҷумҳурии Чин низ дар ҷараёни сафари ахири Алии Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси Шӯрои исломӣ ба ин кишвар таъкид кард, вазъияти байналмилалӣ ва минтақаӣ ҳар чӣ қадар тағйир кунад, азми Чин барои эҷоди як робитаи ҷомеи стратегӣ бо Эрон тағйире нахоҳад кард.

Акнун дар асри ҷадиде зиндагӣ мекунем, ки инҳисори иқтисодии Амрико дар ҷаҳон шикаста шудааст ва Вашингтон қодир ба тағйири ин воқеият нест. Даврае, ки дар он аз даст додани бозори Амрико ба маънои нобудии кишварҳое монанди Чин буд, муддатҳост, ки сар омадааст.

 Ли Кю Вен, мудири таҳлили омории созмони гумруки Чин рушди мубодилоти иқтисодиро нишонае аз рушд ва афзоиши ҳамкориҳо бо Эрон дониста ва тасреҳ мекунад, Пекин мухолифи якҷонибагароии иқтисодии Амрико ё ҳар кишвари дигаре аст ва қонунҳои дохилии ин кишвар барои Чин аҳамияте надорад.

Ҳамон гуна ки Фарҳоди Дижписанд, вазири умури иқтисодӣ ва дороии Эрон таъкид кардааст, барномаҳои зиёде барои тавсеаи равобити иқтисодии Эрон ва Чин вуҷуд дорад ва бояд талош кард равобити Эрон ва Чин дар ҳавзаҳои тиҷорӣ, сармоягузорӣ ва илму фанноварӣ тавсеа ёбад. Дар ин росто, яке аз аҳдофи ин нишаст ройзанӣ барои бастани қарордоди дуҷонибаи пулӣ ва молӣ ва рафъи мушкилоти байнибонкӣ аст. То аз ин тариқ ду тараф битавонанд муомилоти худро бо арзи миллии ду кишвар анҷом диҳанд.

Дар ин росто, дар поёни иҷлоси Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодии Эрон ва Чин, чанд санади марбут ба натоиҷи ин иҷлос ба имзои масъулони иқтисодии ду кишвар хоҳад расид. Дастовардҳои иқтисодии ҳафдаҳумин Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодии Эрон ва Чин дар рӯзҳое, ки Амрико ва муттаҳидони минтақаияш талош мекунанд то муносиботи Эрон бо шарикони иқтисодиашро маҳдуд кунанд, қатъан таъсире роҳбурдӣ бар равобити рӯ ба густариши ду кишвар дорад.