Март 23, 2019 19:06 Asia/Dushanbe
  • Таҳрими нави Амрико алайҳи чанд фард ва ширкати эронӣ

Давлати Амрико дар тозатарин Эронситезии худ номи 31 шахси ҳақиқӣ ва ҳуқуқии ин кишварро ба рӯйхатти таҳримҳо изофа кард.

Ба нақл аз хабаргузори Форс, Дафтари контроли дороиҳои Вазорати хазонадории Амрико имрӯз ҷумъа 14 шахси ҳақиқӣ ва 17 ширкат ва шахси ҳуқуқиро дар рӯйхатти таҳримҳои худ қарор дод, ки бисёре аз онҳо дар заминаҳои пизишкӣ ва дору фаолият мекунанд.

Таҳримҳои нави Вашингтон алайҳи таъмини ниёзҳои пизишкӣ ва доруии мардуми Эрон як рӯз пас аз он эълом шуд, ки Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико дар руйкарде риёкорона иди Наврӯзро бар мардуми Эрон табрик гуфт.

Коршиносон муътақиданд Амрико бо таҳримҳои якҷонибаи ғайриқонунӣ ба дунболи эҷоди ҷанги равонӣ алайҳи мардуми Эрон аст, аммо ҳамроҳӣ накардани ҷаҳон бо ин таҳримҳо муҷиб шудааст, ки Кохи Сафед дар ин сиёсати худ роҳ ба ҷое набарад.

 

Барчасп