Сели саҳмгин дар Шероз + видео
Сели имрӯз дар шаҳри таърихии Шероз, дар ҷануби Эрон 11 кушта барҷой гузошт.
Ба гузориши ИРНА, раиси Маркази иттилоот ва контроли трафики полиси роҳрави нерӯи интизомии Эрон гуфт, дар ҳодисаи сели имрӯз дар Шероз 11 нафар кушта ва 45 нафар захмӣ шуданд.
Сарҳанг Нодир Раҳмонӣ афзуд, дар пайи туғёни сел дар минтақаи Дарвозаи Қуръони Шероз беш аз 200 мошин дар селоб гирифтор шуданд.
Вай бо ишора ба ин ки ҳанӯз теъдоди дақиқи мошинҳои гирифтор дар селоб мушаххас нашудааст, изҳор дошт, пайгириҳои полис ва авомили имдодӣ барои наҷоти мошинҳои гирифтор дар ин сел идома дорад.
То кунун ҷасади чаҳор тан аз ҷонбохтагони сел дар Шероз аз об берун оварда шудааст, ки яке аз онҳо кӯдак ва се нафар зан ҳастанд.
Дар пайи ҷорӣ шудани сел дар Шероз, бозори “Вакил” –и ин шаҳр, ки аз муҳимтарин осори таърихии Эрон аст, дучори обгирифтагии шадид шуд.
Ин бозор ҳудуди 250 сол пеш ба фармони Каримхони Занд бино ниҳода шуд ва бо сақфе ба баландии 11 метр, баландтарин бозори қадимии Эрон маҳсуб мешавад.
Ҳафтаи гузашта низ сели шадиде дар шимоли Эрон мардуми устонҳои Гулистон ва Мозандаронро ғофилгир кард.
Созмони ҳавошиносии Эрон дар бораи эҳтимоли вуқӯи сел дар 12 устони ин кишвар дар се рӯзи оянда ҳушдор додааст.
Ҷорӣ шудани сел дар манотиқи мухталифи Эрон дар ҳоле аст, ки ин рӯзҳо дар пайи таътилоти иди Наврӯз бисёре аз мардум роҳии сафар шудаанд.