Март 26, 2019 11:37 Asia/Dushanbe
  • Охирин ахбор аз ҳодисаи сели Шероз: 19 кушта ва 105 захмӣ

Шумори қурбониёни ҳодисаи сели рӯзи душанбе дар шаҳри Шерози устони Форс (ҷануби Эрон) ба 19 нафар афзоиш ёфт.

Ба гузориши ИРНА, Саид Намакӣ, вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон шомгоҳи душанбе дар ҷаласаи Ситоди мудирияти буҳрони устони Форс гуфт, шумори ҷонбохтагон дар ҳодисаи сели Шероз ба 19 нафар афзоиш ёфтааст.

Пирҳусайн Куливанд, раиси Созмони уржонси Эрон низ теъдоди масдумони ҳодисаи сели Шерозро 105 нафар эълом кард ва афзуд, теъдоде аз ин масдумон дар бемористон бистарӣ ва теъдоде низ ба сурати сарипоӣ дармон шуданд.

Муҳаммадбоқири Навбахт, раиси созмони барнома ва буҷаи Эрон, ки пас аз вуқӯи сел ба Шероз сафар кард, шомгоҳи душанбе дар ҷаласаи Шӯрои мудирияти буҳрони устони Форс бо таъкид бар расидагии вижа ба вазъияти масдумоне, ки дар пайи ин ҳодиса дар марокизи дармонӣ ба сар мебаранд гуфт, тамоми тадобири лозим барои ҷуброни хисоратҳои ношӣ аз сел андешида шудааст.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон низ рӯзи душанбе дар паёме бо таслияти ҷон бохтани шуморе аз эрониён дар сели ахир, аз масъулони зирабт хост, талошҳои худро барои костан аз мушкилоти манотиқи осебдида ва ёрии мардум дубаробар кунанд.

Алии Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон ҳам бо судури паёме вуқӯи сел дар устони Форс ва ҷон бохтани теъдоде аз ҳамватанон дар ин ҳодисаро таслият гуфт ва афзуд, ниҳодҳои хадамотӣ барои рафъи хисорати осебдидагон ва рафъи ранҷҳо ва нигарониҳои онон, иқдомоти лозимро ба суръат анҷом диҳанд.

 

Барчасп