Ибрози ҳамдардии Эрон бо селзадагони Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i42805-Ибрози_ҳамдардии_Эрон_бо_селзадагони_Афғонистон
Дар пайи ҷорӣ шудани сел дар Афғонистон, ки ба ҷон бохтан ва масдум шудани даҳҳо тан мунҷар шуд, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар баёнияе гуфт: Давлат ва миллати Эрон ва Афғонистон дар сахтиҳо ва мушкилот ҳамвора канори ҳам ҳастанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 31, 2019 08:05 Asia/Dushanbe
  • Ибрози ҳамдардии Эрон бо селзадагони Афғонистон

Дар пайи ҷорӣ шудани сел дар Афғонистон, ки ба ҷон бохтан ва масдум шудани даҳҳо тан мунҷар шуд, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар баёнияе гуфт: Давлат ва миллати Эрон ва Афғонистон дар сахтиҳо ва мушкилот ҳамвора канори ҳам ҳастанд.

Ба гузориши ИРНА - Баҳроми Қосимӣ шанбешаб гуфт: Хисороти ҷонӣ ва молии ношӣ аз вуқӯи сел дар шаҳрҳо ва манотиқи мухталифи Афғонистон боиси таасуф ва таассури давлат ва мардуми Эрон шудааст.

Қосимӣ бо ибрози ҳамдардӣ бо осебдидагон ва хонаводаҳои қурбониёни сели ахир дар Афғонистон гуфт: Дар селҳои ахир, ки манотиқи мухталифи ҳар ду кишвари Эрон ва Афғонистон бо он рӯ ба рӯ буданд, давлатҳо ва миллатҳои ду кишвар ҳамчун ҳамеша дар сахтиҳо ва мушкилоти ношӣ аз он, дар канори якдигар ҳастанд.

Боронҳои шадид ва ҷорӣ шудан сел давоми рӯзҳои гузашта дар устонҳои шимолу ғарби Афғонистон даҳҳо кушта ва масдум ба ҷо гузошт ва беш аз чаҳор ҳазор воҳиди маскуниро вайрон ва ҳазорон чорворо талаф кард.