Апрел 10, 2019 11:18 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Туркия ва Қатар аз иқдоми хасмонаи Амрико алайҳи Сипоҳи посдорон

Вазири умури хориҷаи Туркия рӯзи сешанбе дар конфронси хабарии муштарак бо ҳамтои қатарии худ дар Анкара, дар вокуниш ба иқдоми давлати Амрико дар қарор додани номи Сипоҳи посдорон дар рӯйхати гурӯҳҳои террористӣ гуфт: Мо тасмимоти якҷонибаро тасдиқ намекунем.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз хабаргузории Спутник, Човушуғлу дар конфронси хабарии муштарак бо Муҳаммад ибни Абдурраҳмон Оли Сонӣ афзуд: Ин тасмим аз сӯи Амрико гирифта шудааст ва мо мегӯем ва такрор мекунем, ки ин тасмим қобили таъмим ё умумият бахшидан нест.

Вай гуфт: Ҳеҷ кишваре наметавонад нерӯҳои мусаллаҳи як кишвари дигарро як созмони террористӣ эълон кунад ва мо тасмимоти якҷонибаро тасдиқ намекунем.

Вазири умури хориҷаи Қатар  гуфт: Ихтилофот миёни кишварҳо бояд аз роҳи гуфтугӯ ҳал шавад.

Оли Сонӣ афзуд: Эрон як кишвари бо шароити иқлимӣ ва ҷуғрофиёии махсуси худ аст ва мо ба унвони кишварҳои ҳамҷавор бояд ба мулоҳизоти ин кишвар чи бо сиёсатҳои он мухолиф ё мувофиқ бошем, нигоҳ кунем.

Вай таъкид кард, ки агар бо бархе рафторҳои Артиши Эрон бо артиши дигаре ихлоф дорем, таҳрим роҳи ҳалли он нест.

Барчасп