Мухолифати Парлумони Русия бо террорист хондани Сипоҳ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i42978-Мухолифати_Парлумони_Русия_бо_террорист_хондани_Сипоҳ
Раиси Комиссияи умури байналмилали Думаи Русия дар вокуниш ба иқдоми Трамп дар террорист хондани Сипоҳ эълом кард: Мақомҳо ва намояндагони Парлумони Русия ба шиддат мухолифи террорист хондани Сипоҳ ҳастанд ва миллати Эрон бидонад, ки ин мавзеи кулли Парлумони Русия аст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 10, 2019 10:19 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати Парлумони Русия бо террорист хондани Сипоҳ

Раиси Комиссияи умури байналмилали Думаи Русия дар вокуниш ба иқдоми Трамп дар террорист хондани Сипоҳ эълом кард: Мақомҳо ва намояндагони Парлумони Русия ба шиддат мухолифи террорист хондани Сипоҳ ҳастанд ва миллати Эрон бидонад, ки ин мавзеи кулли Парлумони Русия аст.

Бу гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон Леонид Слутский рӯзи сешанбе дар гуфтугӯ бо хабарнигории ИРНА гуфт: Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ созмоне аст, ки имрӯз амнияти Эрон бар он устувор шудааст.

Вай афзуд: Қосим Сулаймонӣ ва ҳамкорони вай дар Сипоҳ, сиёсати Раҳбари инқилоби исломӣ барои таъмини амнияти миллии Эронро дунбол мекунад.