Апрел 10, 2019 18:04 Asia/Dushanbe
  • Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорон: Амрикоиҳо ҷуръати иқдоми низомӣ зидди Эронро надоранд

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гуфт, нерӯҳои низомии Амрико дар минтақа таҳти контроли Эрон ҳастанд ва ҳаргиз ҷуръати иқдоми низомӣ зидди Эронро надоранд.

Сардор сарлашкар - Муҳаммадалии Ҷаъфарӣ, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ рӯзи чаҳоршанбе дар ҳошияи дидор бо вазири умури хориҷаи Эрон, дар гуфтугӯ бо Хабаргузории садо ва симо афзуд, иқдоми Амрико зидди Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бисёр музҳик ва дар ҳадди шиор аст.

Сарлашкар Ҷаъфарӣ бо баёни ин ки душманони инқилоби исломии Эрон аз аҳмақтарин афрод ҳастанд, баён дошт, иқдоми Амрико зидди Сипоҳи посдорон, бар хилофи нияти шумашон, сабаби ҳамдилӣ ва иттиҳоди бештари эрониён шуд.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон ва муовинони ин вазоратхонаи имрӯз (чаҳоршанбе) бо фармондеҳони олирутбаи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дидор ва гуфтугӯ карданд.

Давлати Амрико рӯзи Душанбе дар идомаи иқдомоти зиддиэронӣ ва сиёсати фишор бар нерӯҳое, ки аз тариқи мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ, Вашингтонро дар пешбурди аҳдофаш дар минтақа ноком гузоштаанд, тарҳи изофа кардани Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ба феҳристи созмонҳои истилоҳан “террористӣ” -и худро эълом кард.

Шӯрои олии амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон низ дар вокуниш ба ин иқдоми Амрико, нерӯҳои низомии ин кишвар дар минтақаи ғарби Осиё (СЕНТКОМ) ва тамоми нерӯҳои вобаста ба онро “гурӯҳи террористӣ” муаррифӣ кард.

 

Барчасп