Апрел 12, 2019 18:09 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти мардуми Эрон аз Сипоҳи посдорон бо баргузории роҳпаймоии бошукӯҳ

Мардуми Эрон пас аз иқомаи намози ҷумъа бо баргузории роҳпаймоӣ дар саросари кишвар, ҳимояти худро аз Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ эълом карданд.

Мардуми саросари Эрон дар ин роҳпаймоии бошукӯҳ, иқдоми нобихрадона ва ғайриқонунии Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико дар террористӣ хондани сипоҳи посдорони инқилоби исломиро маҳкум карданд.

Мардуми Эрон дар поёни ин роҳпаймоӣ дар баёнияе эълом карданд: Иқтидор ва таъсиргузории Сипоҳи посдорон дар сиёнат ва посдорӣ аз инқилоби исломӣ, душманонро ба истисол ва дармондагӣ кашондааст.

Ин баёния меафзояд: Сардамдорони Амрико бо корномаи сиёҳ ва ҷиноятҳои зиддибашарӣ, аз ҷумла куштори мардуми Яман, Нигерия, Баҳрайн, Фаластин, Афғонистон, Сурия ва Ироқ, мисдоқи терроризми давлатӣ ва террористпарварӣ ҳастанд.

Мардуми Эрон ҳамчунин тадовуми ҳимояти ҳамаҷонибаи Эрон аз кишварҳо ва миллатҳои таҳти ситами истикборӣ – саҳюнистиро вазифаи динӣ, инқилобӣ ва инсонии худ донистанд ва таъкид карданд: Ҳар навъ иқдоми душманон алайҳи тамомияти арзии Фаластин ва Ҷавлони Сурия ғайриқонӣ ва ва муғоир бо меъёрҳои байналмилалӣ ва маҳкум ба шикаст аст.

Давлати Амрико рӯзи 8 апрели 2019 дар идомаи иқдомоти зиддиэронӣ ва сиёсати фишор бар неруҳое, ки дар мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ, Вашингтонро дар пешбурди аҳдофаш дар минтақа ноком гузоштаанд, тарҳи изофа кардани Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ба феҳристи созмонҳои ба истилоҳ "террористӣ"-и худро эълом кард.

Шӯрои олии амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон низ дар вокуниш ба ин иқдоми Амрико, неруҳои низомии ин кишвар дар минтақаи ғарби Осиё (Сентком) ва тамоми неруҳои вобаста ба онро "гурӯҳи террористӣ" муаррифӣ кард.

 

Барчасп