Ифтитоҳи аввалин хабаргузории байналмиллалии тасвирии Эрон ва ғарби Осиё дар Теҳрон; имрӯз
(last modified Tue, 16 Apr 2019 07:15:12 GMT )
Апрел 16, 2019 12:15 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи аввалин хабаргузории байналмиллалии тасвирии Эрон ва ғарби Осиё дар Теҳрон; имрӯз

Аввалин хабаргузории байналмиллалии тасвирии Эрон ва минтақаи ғарби Осиё бо унвони "Эрон Пресс" имрӯз (сешанбе) дар Теҳрон ифтитоҳ мешавад.

Хабаргузории байналмиллалии Эрон Пресс аз соли гузашта, пахши моҳвораии озмоишии худро ба сурати 24 соата руи  EUTELSAT 21B   фереканси 11520    оғоз карда, ки охирин тасовири хабариро ба сурати зинда ва гузоришҳои тавлидӣ дар ихтиёри мухотабон қарор медиҳад.

Хабаргузории Эрон Пресс тавонистааст фаолияти худро бо вебсайти дузабонаи англисӣ ва арабӣ ва дар арсаи фазои маҷозӣ низ дар шабакаҳои Фейсбук, Твиттер, Инстаграм, Ютюб ва низ паёмрасонҳои ВотсАпп, Телеграм ва Суруш густариш диҳад.

Дар хабаргузории Эрон Пресс, ки барои аввалин бор дар Эрон ва минтақаи ғарби Осиё иттифоқ меафтад,  дорои хатти дайрект барои ироаи тасовири хабарӣ аз саросари Эрон ва низ кишварҳои минтақа ба муштариёни хоси худ яъне хабаргузориҳо, шабакаҳои хабарӣ ва расонаҳои муҳимми байналмиллалӣ аст.

Оини ифтитоҳи расмии хабаргузории Эрон Пресс, имрӯз аз соати 14 то 16 ба вақти маҳаллӣ бо ҳузури раёсати Созмони Садо ва Симои Ҷумҳурии исломии Эрон, мақомоти кишварӣ ва лашкарӣ ва асҳоби расона дар Теҳрон баргузор мешавад.