Июн 28, 2023 19:01 Asia/Dushanbe
  • Таваҷҷуҳи Ҷопон ба Ховари Миёна
    Таваҷҷуҳи Ҷопон ба Ховари Миёна

Нахуствазири Ҷопон дар ташреҳи барномаи моҳи оянда, аз тасмими худ барои сафар ба чаҳор кишвари Ховари Миёна хабар дод.

Кисида Фумио, нахуствазири Ҷопон дирӯз - сешанбе эълом кард, дар моҳи июл ба Ховари Миёна ва ҳамчунин ба кишварҳои Литваву Белгия сафар мекунад.

Нахуствазири Ҷопон гуфт, аз 16 то 19 июл ба Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Қатар хоҳад рафт.

Раиси давлати Ҷопон таъмини пойдори энержӣ ва маводи аввалия барои саноеъ ва иқтисоди ин кишвар ва ҳамчунин густаришу идомаи фаъолиятҳои дипломатӣ дар Ховари Миёнаро ҳадафи аслии худ дар сафар ба чаҳор кишвари Ховари Миёна тавсиф кард.

Кисида муддаӣ шуд, дар авҷи шароити печидаи ҷаҳонӣ қасд дорад фаъолиятҳои Ҷопон дар Ховари Миёнаро афзоиш диҳад.

Вай афзуд, як ҳайати тиҷорӣ бо ҳадафи ироаи пешниҳод барои ҳамкориҳои фаннӣ дар сафар ба Ховари Миёна вайро ҳамроҳӣ хоҳад кард.

Коҳиши тавлиди карбон дар кишварҳои Ховари Миёна, мавсум ба тарҳи «карбони сифр», маъмурияти аслии ин ҳайат эълом шудааст.

Нахуствазири Ҷопон дар идомаи суханони худ афзуд, аз 11 то 14 июл низ бо ҳадафи ҳузур дар нишасти сарони НАТО ва гуфтугӯ бо мақомоти Иттиҳоди Аврупо дар Белгия роҳии Аврупо мешавад.

 

Барчасп