Режаи неруҳои мусаллаҳи Эрон дар саросари ин кишвар ба муносибати рӯзи Артиш
(last modified Thu, 18 Apr 2019 07:47:54 GMT )
Апрел 18, 2019 12:47 Asia/Dushanbe
  • Режаи неруҳои мусаллаҳи Эрон дар саросари ин кишвар ба муносибати рӯзи Артиш

Маросими режаи неруҳои намунаи артиши Ҷумҳурии исломии Эрон ва Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар Теҳрон ва дигар шаҳрҳои Эрон имрӯз панҷшанбе ба таври ҳамзамон баргузор шуд.

Ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, неруҳои намунаи артиши Ҷумҳурии исломии Эрон аз муқобили  Ҳасани Руҳонӣ раиси ҷумҳурӣ  ва  мақомоти олирутбаи артиши ҷумҳурии исломӣ ва Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ  дар ҷавори марқади имом Хумайнӣ (раҳ) дар Теҳрон режа рафтанд.

Ҳамзамон бо режаи рӯзи Артиш, ҷангандаи бумии эронии "Кавсар" амалиёти мановри ҳавоиро бар фарози маҳалли баргузории маросими режа дар Теҳрон бо муваффақият анҷом дод. Ҳамчунин дар ин маросим, се  ҷангандаи Соиқа, 3 Мег 29, як сухтрасони 707, як ҳавопаймои Еф 14 ва як ҷангандаи Еф 14 бар фарози марқади мутаҳҳар дар Теҳрон режа рафтанд.

Имсол нахустин соле аст, ки ҳавопаймоҳои ҷангандаи бумии Эрон дар режаи 29 фарвардин ширкат мекунад.

Имрӯз панҷшанбе 18 апрели 2019 рӯзи таҷлил ва такрими диловармардиҳо ва рашодатҳои персонели артиши Ҷумҳурии исломии Эрон аст.