Мелоди мунҷии охируззамон - Маҳдии мавъуд (а) хуҷаста бод
Ҳамзамон бо солрӯзи мелоди ягона мунҷии олами башарият - Маҳдии мавъуд, имоми замон (а), ҷаҳони Ислом ғарқ дар шодиву сурур аст.
Фардо (якшанбе), 15 шаъбоналмуаззами соли 1440 ҳиҷрии қамарӣ, баробар бо якуми урдибиҳишти 1398 ҳиҷрии шамсӣ ва 21 апрели 2019 - мусодиф бо солрӯзи мелоди фархундаи ҳазрати валии аср, мунҷии охируззамон - ҳазрати Имом Маҳди (а) аст.
Ҳазрати Маҳдӣ (а), фарзанди Имом Ҳасани Аскарӣ (а) дар саҳаргоҳи нимаи шаъбони соли 255 - ҳиҷрии қамарӣ дар Сомиррои Ироқ дида ба ҷаҳон кушоданд.
Дар шабу рӯзи солрӯзи мелоди ҳазрати Имом Маҳдӣ (а) мардуми Эрони исломӣ бо зинатдиҳӣ ва чароғонии кӯчаҳо ва хиёбонҳо ва баргузории ҷашнҳои мухталиф, иродати худро ба набераи гаронқадри расули Худо (с) ҳазрати Маҳдӣ (а) нишон медиҳанд ва барои фараҷ ва зуҳури он ҳазрат даст ба дуо бармедоранд.
Ҳазрати Маҳдӣ (а) мунҷӣ ва наҷотдиҳандаи охируззамон аст, ки зуҳури ӯ дар ривоёти бисёре аз расули Худо (с) ва дигар бузургон ва авлиёи илоҳӣ ваъда дода шудааст, ки меояд ва ҷаҳонро аз адлу дод пур мекунад ва решаи ситамро бар меканад.
Имом Ҷаъфари Содиқ (а) дар бораи нимаи шаъбон фармуданд: Ҳамон тавр, ки Худованди мутаол ба паёмбари гиромии Ислом (с) шаби Қадрро марҳамат фармуд, ба аҳли байти исмат ва таҳорат (а) низ нимаи шаъбонро ато кард.
Шаби нимаи шаъбон - шаби бисёр мубораке аст ва паёмбари гиромии Ислом (с) дар ҳадисе фармуданд: Дар нимаи шаъбон аҷалҳо навишта ва рӯзиҳо қисмат мешавад ва Худои азза ва ҷалл дар ин шаб бандагонашро меомурзад.
Радиои тоҷикии Садои Хуросон фаро расидани солрӯзи мелоди ягона мунҷии олами башарият - Маҳдии мавъуд, имоми замон (а) -ро ба ҳамаи мусулмонони ҷаҳон ва дигар озодихоҳон табрик мегӯяд.