Апрел 22, 2019 14:25 Asia/Dushanbe
  • Истиқболи расмии раиси Ҷумҳурии исломии Эрон аз нахуствазири Покистон

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи душанбе ба таври расмӣ аз нахуствазири Покистон дар маҷмуаи таърихии фарҳангии Саъдобод истиқбол кард.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии раёсати ҷумҳурӣ, дар ин маросим пас аз навохта шудани суруди миллии Эрон ва Покистон, Ҳасани Рӯҳонӣ раисиҷумҳури Эрон ва Имрон Хон, нахуствазири Покистон аз нерӯҳои ташрифоти режаи низомӣ дидан ва сипас ҳайъатҳои олирутбаи ҳамроҳро ба якдигар муаррифӣ карданд.

Раисиҷумҳури Эрон ва нахуствазири Покистон пас аз маросими истиқболи расмӣ музокироти дуҷонибаеро оғоз карданд.

Иртиқои ҳамкории дуҷониба дар заминаҳои мухталифи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ аз ҷумла  меҳварҳои музокироти Рӯҳонӣ ва Имрон  Хон унвон шудааст.

Нахуствазири Покистон пеш аз сафар ба Теҳрон, дар Машҳади муқаддас тавақуфи кӯтоҳе дошт ва боргоҳи Имом Ризо (а), имоми ҳаштуми шиаёни ҷаҳонро зиёрат кард.

Барчасп