Хабаргузории Ҳинд: Таҳрими Эрон шомили проектҳои Чобаҳори Эрон намешавад
(last modified Wed, 24 Apr 2019 13:53:00 GMT )
Апрел 24, 2019 18:53 Asia/Dushanbe
  • Хабаргузории Ҳинд: Таҳрими Эрон шомили проектҳои Чобаҳори Эрон намешавад

Хабаргузории расмии “Пи Ти Ай” -и Ҳинд ба нақл аз Вазорати хориҷаи Амрико эълом кард, лағви муофиятҳои хариди нафти Ҳинд аз Эрон ва ташдиди таҳримҳои Амрико зидди Эрон, шомили иҷрои проектҳои Ҳинд дар бандари Чобаҳори Эрон намешавад.

Хабаргузории расмии Ҳинд, рӯзи чаҳоршанбе ба нақл аз Вазорати хориҷаи Амрико эълом кард, ин тасмим бозсозии иқтисоди Афғонистон бо кумакҳои Ҳинд, ки шомили тавсеаи бандари Чобаҳор (ҷануби шарқи Эрон) аст, шомил намешавад.

Тавофуқномаи транзитии сеҷонибаи Чобаҳор майи соли 2016 бо ҳузури Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, Норандро Моди, нахуствазири Ҳинд ва Муҳаммад Ашрафғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон аз сӯйи вазирони роҳи се кишвар дар Теҳрон имзо шуд.

Бандари Чобаҳор наздиктарин роҳи дастрасии кишварҳои маҳсур дар хушкӣ, шомили Афғонистон, Туркманистон, Узбакистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ба обҳои озод аст ва ин бандар дар густариши мубодилоти тиҷорӣ ва бозаргонии кишварҳои минтақа аҳамияти зиёде дорад ва бо иҷрои ин тавофуқнома, Чобаҳор ба маркази транзит, энержӣ ва тиҷорати минтақа табдил мешавад.

Майк Пампео, вазири умури хориҷаи Амрико рӯзи душанбе дар остонаи нахустин соли хуруҷи ғайриқонунии Вашингтон аз Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БарҶом) эълом кард, Амрико аз дувуми моҳи майи соли 2019 муофияти харидорони нафти Эронро тамдид нахоҳад кард.