"Le Monde": Сипоҳ дар хатти муқаддами кӯмак ба селзадагон аст
Рӯзномаи фаронсавии "Le Monde" дар гузорише аз минтақаҳои селзадаи Эрон навишт, Сипоҳи посдорони инқлоби исломӣ дар сафи нахусти кӯмак ба селзадагони ин кишвар қарор дорад.
"Le Monde" дар ин гузориш навиштааст, нерӯҳои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ба унвони нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар ҷойгоҳи нахусти кумакрасонӣ ва бозсозикунанда дар баробари селҳое қарор доранд, ки ин кишвар аз 19 март то кунун бо он даргир аст.
Дар ин гузориш омадааст, бо таваҷҷуҳ ба густурдагии сел, ҳазорон тан аз довталабон аз тамоми гурӯҳҳои сиёсӣ дар минтақаҳои селзада барои расондани маводди ғизоӣ ва ё либос, кумак ва поксозии гилу лой ва расондани кӯмакҳои аввалияи пизишкӣ ҳузур ёфтаанд, ин як ҳаракати бузург аз ҳамбастагӣ аст.
Бино бар ин гузориш, дар ҳоле ки Сипоҳи посдорон аз суйи Вашингтон ба унвони як созмони террористӣ эълом шудааст, сардор Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи Сипоҳи Қудс як моҳ аст, ки дар минтақаҳои селзадаи ҷануби кишвар мустақар аст ва кӯмакҳоеро, ки тавассути мардум ва нерӯҳои мардумии Ироқ расонида мешаванд, ҳамоҳанг мекунад.
"Le Monde" менависад, дар даврае, ки Эрон дар муқобили таҳримҳои Амрико қарор дорад, ҳамаи созмонҳо барои кумак ба селзадагон басиҷ шудаанд.
Боришҳои бесобиқаи ахир ва ҷорӣ шунани сел дар бархе аз минтақаҳои шимол, ғарб ва ҷануби Эрон хисороти молӣ ва ҷонии фаровон барҷой гузошт. Созмони пизишкии қонунии Эрон шумори ҷонбохтагонро 76 нафар эълом кардааст.