Рӯҳонӣ: Фурӯши урани ғанишуда ва оби сангин мутаваққиф шуд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i43606-Рӯҳонӣ_Фурӯши_урани_ғанишуда_ва_оби_сангин_мутаваққиф_шуд
Раисҷумҳури Эрон аз таваққуфи фурӯши урани ғанишуда ва оби сангин барои муддати 60 рӯз хабар дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 08, 2019 13:23 Asia/Dushanbe

Раисҷумҳури Эрон аз таваққуфи фурӯши урани ғанишуда ва оби сангин барои муддати 60 рӯз хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон гуфт: Имрӯз 8 май як сол аз хурӯҷи ғайриқонунии Амрико аз тавофуқи БАРҶОМ ва зери по гузоштани Қатъномаи 2231-и Шӯрои Амнияти СММ мегузарад; ба кишварҳои узви БАРҶОМ эълом кардем, маводи ғанишуда ва оби сангини худро дигар намефурӯшем.

Рӯҳонӣ афзуд: Ба кишварҳои узви БАРҶОМ (Англия, Фаронса, Олмон, Русия ва Чин) эълом кардаем, ки 60 рӯз фурсат доранд пои мизи музокира биоянд ва агар дар пои мизи музокира бо 5 кишвар ба натиҷа расидем ва манофеи аслии Эрон, бахусус дар ҳавзаи нафт ва бонк ба унвони ду манфиати муҳим таъмин шуд, ба шарроити қабл бозмегардем, вале агар дар поёни 60 рӯз мо ба натиҷае нарасидем, ду иқдоми дигарро оғоз мекунем.

Раисҷумҳури Эрон гуфт: Тавофуқи Эрон дар БАРҶОМ ин будааст, ки ғанисозиро дар сатҳи 3/67  нигоҳ дорад; аз ин иқдом худдорӣ мекунем, яъне дигар сатҳе барои мо матраҳ нест ва дар мавриди реактори оби сангини Арок ҳам баъд аз 60 рӯз тасмим хоҳем гирифт ки барномаи БАРҶОМ пеш аз тавофуқи БАРҶОМ ро идома дода ва реактори оби сангини Арокро такмил кунем.

Рӯҳонӣ бори дигар ҳушдор дод: Дар паём ба 5 кишвари тарафи БАРҶОМ ба сароҳат гуфтем, ки агар бихоҳад аз иқдоми имрӯзи мо баҳонаи хубе кунанд ва парвандаи Эронро ба Шӯрои Амният баргардонанд, бо иқдоме бисёр қотеъ рӯбарӯ хоҳанд шуд.

Раисҷумҳури Эрон гуфт: Эрон ҳаргиз оғозгари ҷанг набудааст, аммо ҳеҷ гоҳ таслими зӯргӯе намешавад.