Май 09, 2019 13:13 Asia/Dushanbe
  • Таҳримҳои нави Амрико алайҳи Эрон, иқдоме дар ростои фишори ҳаддиаксарӣ

Пас аз эъломи хуруҷи Амрико аз тавофуқи ҳастаии Барҷом дар 8 майи 2018 тавассути Трамп, таҳримҳои ҳастаӣ алайҳи Эрон дар ду марҳила яъне август ва ноябри 2018 ба иҷро дароомаданд. Ин таҳримҳо як ҷониба буда ва нақзи қавонини байналмиллалиро аз ҷумла қатъномаи 2231 и Шурои амният маҳсуб мешавад.

Бо вуҷуди  иҷроии ин таҳримҳо,ки ба гуфтаи амрикоиҳо бесобиқатарин таҳримҳо дар тули таърих ба шумор мераванд, аммо Вашингтон ҳамчунон бар густариши таҳримҳо алайҳи Эрон дар ростои сиёсати фишори ҳаддиаксарӣ таъкид дорад.

Дар ин замина Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико рӯзи чоршанбе дар санаи  8  омҳи май дар идомаи иқдомҳои хасмонааш алайҳи  ҷумҳурии исломии Эрон, бо судури як фармони иҷроӣ, таҳримҳои наверо алайҳи бахши фелезоти Эрон эъмол кард. Трамп тасриҳ кард, таҳримҳои нав алайҳи бахши фелезоти Эрон аз ҷумла оҳан, пулод, алюминий ва мис ро дар ростои коҳиши даромдҳои содиротии Эрон эъмол кардааст. Ин таҳримҳои нав, дар солрӯзи хуруҷи якҷониба ва ғайриқонунии Амрико аз Барҷом эъмол шуд. Бар асоси таҳримҳои нав, Амрико дороиҳо ва манобеъи афрод, муасисот ва ширкатҳое,ки дар бахши маъднҳо ва фелезоти Эрон фаъолият, сармоягузорӣ ва ё дар трокунишҳои молӣ муртабит бо ин ҳавза мушорикат кунанд, масдуд хоҳад кард.

Трамп дар ин фармони иҷроӣ муддаӣ шуд, агар Эрон рафтори худро тағйир надиҳад бо фишори бештаре рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

 Амрико баъд аз хуруҷ аз Барҷом корзори ҳамаҷониба барои эъмоли фишор алайҳи Эрон ба роҳ андохтааст. Аъзои гурӯҳи 4+1 шомили  Русия,Чин ва Троикаи аврупоӣ ( Олмон, Фаронса, ва Британия ) ба изофаи Иттиҳодияи Аврупо бар алайҳи ин таҳримҳо мавзеъ гирифтанд.Дар айни ҳол ин руйкарди давлати Трамп интиқоди шадиде дар сатҳи байналмиллалиро барангехтааст.

Дар ин замина Идрис Ҷазоирӣ гузоришгари Шурои ҳуқуққи башари Созмони милалл мегуяд; ман амиқан нигарони ин масала ҳастам,ки як кишвар чигуна метавонад аз султаи худ дар низоми байналмиллалӣ истифода кунад то нафақат ба мардуми Эрон,ки ба таъаҳудоташон дар Тавофуқи ҳастаӣ пайбанд мондаанд,балки ,ба тамоми тарафҳои муомила кунанда бо онҳо латма бизанад.

 Руйкарди Амрико дар баробари Эрон сирфан бар таҳдид, зур ва иҷбор мубтанӣ аст. Бо ин ҳол Эрон зарфи чиҳил соли гузашта ҳамвора дар муқобили таҳримҳои Амрико истодагӣ карда ва амалан тавтиаҳои Вашингтонро хунсо ва беасар кардааст.

 Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар 9 моҳи январи соли 2019 изҳор доштанд; амрикоиҳо бо хушҳолӣ мегуянд таҳрими кунунии миллати Эрон дар таърих собиқа надорад, аммо миллати Эрон иншоаллоҳ дар ин замина шикасте ба онҳо медиҳад,ки дар таърих бесобиқа бошад.

Дар айни ҳол Эрон собит карда,ки бо мувафаққият қодир ба ғалаба бар таҳримҳои Амрико ва муқобила бо сиёсатҳои хасмонаи давлати Трамп аст.

 Муҳаммад Ҷавод Зариф Вазири хориҷаи Эрон ин ахиран бо таъкид бар ин,ки сиёсатҳои, Трамп дар баробари Эрон шикастхурдааст навишт; Трамп ба ҳар дастовези ночизе даст мезанад то сиёсати шикастхурдаи худро дар баробари Эрон мувафақ ҷилва диҳад.Эрониҳо ҳаргиз таслими фишорҳои Амрико намешаванд.

 Иқдоми анви Амрико дар таҳрими фелезоти Эрон комилан бар хилофи мафоди Тавофуқи ҳастаии Барҷом ва қатъномаи 2231 Шурои амнияти Созмони милалл аст. Трамп бар ин тасавур аст,ки бо мумониъат аз дастёбии Эрон ба даромадҳои ҳосил аз судури фелезот хоҳад тавонист Теҳронро дар маърази фишори молии бештаре қарор диҳад. Бо ин ҳол вокуниши Эрон ба ин масала ҳам ба сурати афзоиши зарфиятҳои дохилӣ ва низ истифода аз абзорҳои мадди назар дар тавофуқи ҳастаии Барҷом метавонад муодилоти Амрикоро бар ҳамзада ва бар қобилияти монурҳои сиёсӣ ва иқтисодии Эрон биафзояд.

Барчасп