Май 09, 2019 18:33 Asia/Dushanbe
  • Сухангӯи вазорати хориҷа таҳрими саноати фулузоти Эрон аз сӯи Амрикоро маҳкум кард

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон иқдоми режими ҳоким бар Амрико дар таҳрими саноати фулузоти Эронро маҳкум кард ва онро муғойр бо тааҳҳудоти байналмилалии ин режим хонд.

Саид Аббоси Мусавӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи панҷшанбе тасмими ахири режими Амрико мабни бар таҳрими саноати фулузоти Эронро шадидан маҳкум кард ва гуфт: «Ин иқдоми Амрико муғойри тааҳҳудоти байналмилалии ин режим буда ва мӯҷиботи масъулияти байналмилалии онро фароҳам хоҳад овард».

Мусавӣ хотирнишон кард: «Ин таҳрим ҳамонанди соири таҳримҳои якҷонибаи Амрико муғойри усул ва қавоиди асосии равобити байналмилал буда ва мушаххасан муғойри тааҳҳудоти байналмилалии ношӣ аз маншури Милали Муттаҳид, баёнияҳои Алҷазоир, Муоҳидаи маваддат ва қарори Девони байналмилалии додгустарӣ аст, ки ба далели эъмоли мутахаллифонаи байналмилалӣ аз тариқи қазоӣ бояд посухгӯ бошад. Масъулияти ҷуброни хисороти ворида ба ӯҳдаи режими Амрико хоҳад буд».

Амрико, ки як сол қабл аз БАРҶОМ хориҷ шуда ва таҳримҳои якҷонибаи гузашта алайҳи Эронро муҷаддадан барқарор карда буд, рӯзи гузашта дар солрӯзи хурӯҷаш аз БАРҶОМ бахши фулузоти Эронро низ ҳадафи таҳримҳои якҷониба ва ғайриқонунии худ қарор дод.

 

Барчасп