Май 12, 2019 09:26 Asia/Dushanbe
  • Ташарруфи бонуи будоӣ ба дини мубини ислом

Бонуи будоӣ ба номи Урапан Руёмиял аз кишвари Тайланд дар маросиме дар ҳарами мутаҳҳари имом Ризо (а) дар Машҳад мусалмон шуд ва номи Марямро барои худ баргузид.

Ба нақл аз ИРНО, Муҳаммадҷаводи Ҳошиминажод мудири умури зоирони ғайриэронии остони қудси разавӣ гуфт, бонуи 32 сола аз кишвари Тайланд пас аз солҳо таҳқиқ ва мутолиа ба дини ислом мушарраф шуд.

Ҳошиминажод афзуд, ин бонуи тайландӣ боргоҳи мунаввари разавӣ ва моҳи мубораки Рамазонро беҳтарин макон ва замон барои оғози таваллуди дубораи худ донист ва бо ибрози ризояти комил аз интихоби дини ислом ибрози умедворӣ кард дар ин масир ба камол бирасад.

Дар ин маросим як ҷилд Қуръони карим ба забони англисӣ, ҷойнамоз, китоб ва ҳадияҳои фарҳангӣ ба ин бонуи тайландӣ эҳдо шуд.