Эрон мизбони ҳамоиши байналмиллалии "шоҳнома дар гузаргоҳи ҷоддаи Абрешим"
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i43703-Эрон_мизбони_ҳамоиши_байналмиллалии_шоҳнома_дар_гузаргоҳи_ҷоддаи_Абрешим
Дар остонаи рӯзи бузургдошти шоиру ҳакими порсизабон Абулқосими Фирдавсӣ, шаҳри Машҳад дар шимоли шарқи Эрон мизбони ҳамоише байналмиллалӣ бо унвони "шоҳнома дар гузаргоҳи ҷоддаи Абрешим" аст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 12, 2019 13:25 Asia/Dushanbe
  • Эрон мизбони ҳамоиши байналмиллалии

Дар остонаи рӯзи бузургдошти шоиру ҳакими порсизабон Абулқосими Фирдавсӣ, шаҳри Машҳад дар шимоли шарқи Эрон мизбони ҳамоише байналмиллалӣ бо унвони "шоҳнома дар гузаргоҳи ҷоддаи Абрешим" аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар ин ҳамоиши серӯза, ки аз сездаҳум то понздаҳуми моҳи май баргузор мешавад, соҳибназарон ва Фирдавсишиносон аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон ҳамчун Афғонистон, Русия, Ҳинд, Полша, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Гурҷистон, Туркия ва Швейтсария ҳузур меёбанд.

Барпоии намоишгоҳи осори "Фео Фон" муҷассамасози барҷастаи русӣ, рунамоӣ аз фарши дастбоф бо мафоҳими шоҳномаӣ, рунамоӣ аз қоби сангии сулҳ, эътои нишони Фирдавсӣ ва рунамоӣ аз тандиси ин шоири ҳаким дар маҳалли оромгоҳи ӯ аз ҷумла барномаҳои ин ҳамоиш аст.

Ҳамчунин пажуҳишгарон ва нависандагон дар ду рӯзи нахусти ин ҳамоиши байналмиллалӣ дар донишгоҳи Фирдавсии Машҳад мақолоти худро бо мавзӯъоте ҳамчун таъсири Фирдавсӣ ва шоҳнома дар масири ҷоддаи Абрешим, боварҳои динии мазҳабӣ дар оинаи шоҳнома, Эрони бузурги фарҳангӣ дар шоҳнома ва ҷилваҳои оштӣ ва сулҳ дар шоҳнома ироа хоҳанд кард.

Нақшофаринии занон дар шоҳнома, нақши шоҳнома дар таҳким ва густариши забони форсӣ ва нақши Хуросони куҳан дар гузаргоҳи ҷоддаи Абрешим аз дигар мавзӯъоти мақолоти ин ҳамоиши байналмиллалӣ аст.

Дар рӯзи охири ин ҳамоиш низ, ки ҳамзамон бо рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ дар тақвими миллии Эрон аст, дар оромгоҳи Фирдавсӣ, оини вижае барои таҷлил аз мақоми ин шоир ва ҳакими фарзонаи Тус баргузор хоҳад шуд.

Ҳаким Абулқосими Фирдавсии Тусӣ шоири ҳамосасарои эронӣ дар қарни чаҳорум аст, ки бархе ӯро бузургтарин шоири порсигӯи ҷаҳон медонанд.

Фирдавсӣ дар асари ҷовидони худ шоҳнома фарҳанги Эрон пеш аз исломро бо фарҳанги Эрон пас аз ислом пайванд дод ва дар давроне, ки Эрон маҳалли ҳукумати туркон буд ва забони форсӣ дар минтақаҳои мухталифи Эронзамин гуише яксон надошт, ба ҳифзи мироси гаронсанги забон ва адаби форсӣ ҳиммат гумошт.

Шоҳномаи Фирдавсӣ китоби устура, ахлоқ, таърих, ҳамоса, дониш ва ҳунару шиносномаи фарҳангии эрониён аст, ки ҳар варақи он ҷилваҳое зебо аз шукуҳи фарҳанги эрониро ба намоиш мегузорад.

Оромгоҳи ин шоири номдор дар шаҳри Тус дар 25 километрии шимоли ғарби Машҳад ҳамасола зиёратгоҳи дилдодагони адаби форсӣ аст.