Вокуниши твиттерии Зариф ба пешниҳоди Трамп барои тамоси телефонӣ бо Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i43709-Вокуниши_твиттерии_Зариф_ба_пешниҳоди_Трамп_барои_тамоси_телефонӣ_бо_Эрон
Вазири умури хориҷаи Эрон дар твите хитоб ба раисҷумҳури Амрико навишт: Ҷон Болтон ва ҳамдастонаш аз қабл ба дунболи пиёда кардани нақшаи худ зидди Эрон будаанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 12, 2019 15:17 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши твиттерии Зариф ба пешниҳоди Трамп барои тамоси телефонӣ бо Эрон

Вазири умури хориҷаи Эрон дар твите хитоб ба раисҷумҳури Амрико навишт: Ҷон Болтон ва ҳамдастонаш аз қабл ба дунболи пиёда кардани нақшаи худ зидди Эрон будаанд.

Ба гузориши Маркази дипломатии умумӣ ва расонаии Вазорати умури хориҷа, Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи якшанбе дар твите бо замима кардани тарҳи Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллии Амрико барои хуруҷ аз БАРҶОМ, пеш аз аз симмати феълии ӯ, хитоб ба раисҷумҳури Амрико навишт: Оқои Трамп! Пеш аз ин, ки Ҷон Болтонро ба кор бигиред, ин тарҳе буд, ки вай барои Эрон дошт". 

Дар твити вазири умури хориҷаи Эрон омадааст: Ҷон Болтон як нақшаи муфассал барои иттилооти ҷаълӣ, ҷанги доимӣ ва ҳатто пешниҳодоти дарунхолӣ барои музокира доштааст бо ин тафовут, ки дар он тарҳ шумораи телефон ғунҷонида нашуда буд.