Май 17, 2019 18:42 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Тими «Б» бо иқдомоти ҷангталабона даст ба “худкушӣ” хоҳад зад

Вазири умури хориҷии Эрон дар гуфтугӯ бо расонаҳои ҷопонӣ эълом кард, тими «Б» бо иқдомоти ҷангталабона даст ба худкушии сиёсӣ хоҳад зад.

Ба гузориши Маркази дипломатияи умумӣ ва расонаии Вазорати умури хориҷии Эрон, Муҳаммадҷаводи Зариф, ки бо даъвати ҳамтои ҷонпонияш ба Токио сафар кард, бо се расона NHK, “Киодо” ва TBS дар хусуси охирин таҳаввулоти БарҶОМ, иқдомоти амалии Эрон ва интизор аз ҷомеаи ҷаҳонӣ гуфтугӯ кард. Вазири умури хориҷии Эрон дар ин гуфтугӯи муштарак таъкид кард, ҷаҳони мутамаддин бояд дар муқобили қулдурии режими Амрико алайҳи касоне, ки қонунро риоят ва қатъномаи Шӯрои амниятро иҷро мекунанд, истодагӣ кунад.

Зариф пеш аз ин ҳам гуфта буд, гурӯҳе муташаккил аз Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллии Амрико, Бинёмин Натаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ, Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Саудӣ ва Муҳаммад ибни Зоид, валиаҳди Абудабӣ талош мекунанд, то дар минтақа даргирии низомӣ эҷод кунанд.

Раиси дастгоҳи дипломатии Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе, пас аз сафар ба Туркманистон ва Ҳиндустон дар посух ба даъвати Таро Коно, ҳамтои ҷопонияш вориди Токио шуд ва рӯзи панҷшанбе зимни дидор бо вазири умури хориҷии Ҷопон бо Шинзо Абэ, нахуствазири ин кишвар низ мулоқоту гуфтугӯ кард.

 

Барчасп