Июн 16, 2019 10:50 Asia/Dushanbe
  • Руҳонӣ: равобити Теҳрон-Душанбе беш аз пеш тақвият хоҳад шуд

Раиси ҷумҳури Эрон дар дидори раиси ҷумҳури Тоҷикистон ибрози итминон кард, дар партави ду давлат, муносиботи фимобайн дар ҷиҳати таъмини манофеъи Теҳрон-Душанбе ва таҳкими амният ва суботи минтақаӣ беш аз пеш тақвият хоҳад шуд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии раёсат ҷумҳурӣ, Ҳасани Руҳонӣ раиси ҷумҳури Эрон рӯзи шанбе дар дидори Эмомалӣ Раҳмони раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҳошияи панҷумин нишасти кишварҳои узви конфронси Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБ) дар Душанбе пойтахти Тоҷикистон, зимни қадрдонӣ аз мизбонӣ ва баргузории шоистаи иҷлоси сарони МҲТБ  тавассути давлати Тоҷикистон, омодагии ширкатҳои эрониро барои ҳузур ва ироаи густардатари хадамоти фаннӣ, муҳандисӣ ва интиқоли таҷрибаҳо дар иҷрои прожаҳои умронӣ ва тавсеаии Тоҷикистон эълом кард.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ дар ин дидор бо таъкид бар ин ки кишвараш мусаммам ба тақвияти равобити худ бо Ҷумҳурии исломии Эрон аст, аз идомаи ҳузури ширкатҳои эронӣ ва фаолияти муштараки бахшҳои хусусии Эрон ва Тоҷикистон истиқбол кард.

Эмомалӣ Раҳмон бо қадрдонӣ аз раиси ҷумҳур барои пазириши даъват ва ҳузури фаолонаи ҳайъати эронӣ дар иҷлоси МҲТБ   дар Тоҷикистон гуфт, тавсеаи рӯзафзуни равобит бо Эрон иродаи давлати Тоҷикистон аст.

Руҳонӣ пеш аз ин дар ҳошияи иҷлоси МҲТБ   дар шаҳри Душанбеи Тоҷикистон дар мулоқотҳои ҷудогонае бо раиси иҷроии давлати Афғонистон, раиси ҷумҳури Туркия ва амири Қатар дидор ва дар хусуси муносиботи дуҷониба ва масоили муҳимми минтақаӣ ва байналмиллалӣ гуфтугӯ кард.

 

Барчасп