Июн 20, 2019 15:34 Asia/Dushanbe
  • Генерал Саломӣ: Паҳподи амрикоӣ аз марзҳои Эрон убур кард ва сарнагун шуд

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ гуфт, сарнагунии ҳавопаймои ҷосусии Амрико дар ҳарими марзҳои обии Эрон, паёми возеҳ ва сареҳ дошт ва он ин ки марзҳои сарзамини Эрон хатти қирмиз аст.

Генерал Ҳусайни Саломӣ, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ рӯзи панҷшанбе дар кунгураи миллии 5400 шаҳиди устони Курдистон (ғарби Эрон), бо ишора ба сарнагун кардани як ҳавопаймои ҷосусии Амрико дар ҳарими ҳавоии Эрон афзуд, падофанди ҳавоии Сипоҳи посдорон, як ҳавопаймои ҷосусии Амрикоро, ки ба марзҳои обии Эрон таарруз карда буд, сарнагун кард, ин маниш, равиш ва қоидаи миллати Эрон дар бархӯрд бо душман аст.

Вай тасреҳ кард, Эрон бинои ҷанг бо ҳеҷ кишвареро надорад, аммо барои ҷанг омодааст ва Ҷумҳурии Исломӣ ҳамчунон бо истодагӣ ба душманон дар ин хусус ҳушдор медиҳад.

Саломӣ бо баёни ин ки Эрон ҳар куҷо муқовимат карда пирӯз шудааст, таъкид кард, душман бояд ба тамомияти арзӣ ва манофеи миллии Эрон эҳтиром бигузорад.

Равобити умумии кулли Сипоҳи посдорон рӯзи панҷшанбе дар иттилоияе эълом кард, нахустин сооти бомдоди имрӯз як паҳподи ҷосусии " Global Hawk"-и Амрико баъд аз таҷовуз ба ҳарими сарзаминии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар минтақаи рӯбарӯи Кӯҳи мубораки устони Ҳурмузгон (ҷануби Эрон) ҳадаф оташи падофанди нерӯи ҳаво-фазои сипоҳ қарор гирифт ва сарнагун шуд.

 

Барчасп