Июн 23, 2019 17:38 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: ҳузури низомии мудохилаҷӯёнаи Амрико - решаи мушкилоти минтақа аст

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯйкарди собити Теҳронро коҳиши таниш, дурӣ аз ҳар гуна даргирӣ ва тавсеаи сулҳу субот дар минтақа ва саросари ҷаҳон донист.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи якшанбе дар дидори Габриела Куевас Баррон, раиси Иттиҳодияи байнулмаҷолиси ҷаҳонӣ дар Теҳрон, якҷонибагароиро мушкили бузурги ҷаҳони имрӯз донист ва гуфт, решаи бисёре аз мушкилоти минтақа ва ҷаҳон, диктатории бархе кишварҳо, бавижа Амрико аст, ки бо нақзи муқаррароти байналмилалӣ дар масири якҷонибаигароӣ ҳаракат мекунад.

Раисҷумҳури Эрон ба хуруҷи якҷонибаи Амрико аз БарҶом ва эъмоли таҳримҳои золимона зидди Эрон ишора кард ва афзуд, имрӯз Амрико ба терроризми иқтисодӣ зидди миллати Эрон мутавассил шудааст ва ҳатто дар маводи доруӣ ва ғизоӣ ҳам эъмоли таҳрим мекунад.

Рӯҳонӣ ҳузури низомии мудохилаҷӯёнаи Амрикоро омили мушкилоти минтақа баршумурд ва изҳор дошт, таҷовузи ПАҲПОД-и амрикоӣ ба ҳарими ҳавоии Эрон, оғози танише ҷадид аз сӯи Амрико дар минтақа ва таҳдидкунандаи амнияти оброҳи муҳими халиҷи Форс ва дарёи Уммон аст, аз ин рӯ ҳамаи ниҳодҳои байналмилалӣ бояд аксуламали муносибе ба ин иқдоми таҷовузкоронаи Амрико нишон диҳанд.

Раисҷумҳури Эрон ҳамчунин ба мудохилоти 17 соли гузаштаи Амрико дар Афғонистон, Ироқ, Сурия ва ахиран дар Яман ишора карду гуфт, амнияти ҳамаи манотиқи ҷаҳон ва халиҷи Форс бояд тавассути кишварҳои минтақа таъмин шавад.

Раиси Иттиҳодияи байнулмаҷолиси ҷаҳонӣ низ бо ишора ба нақши муҳими Эрон дар ҳалли мусолиматомези муноқишаҳо ва тарвиҷи чандҷонибагароӣ дар ҷаҳон гуфт, БарҶом нишон дод, чандҷонибагароӣ ва таомул барои барқарории сулҳ дар минтақа ва ҷаҳон дорои аҳамият аст ва ҷаҳон бояд аз таҷрибаи муваффақи Эрон дар таомул дарс гирифта ва ба гуфтугӯ ва тавофуқоти байналмилалӣ эҳтиром бигузорад.

 

Барчасп