Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон; Роҳбурди қатъии Эрон муқовимат ва шикасти иродаи мутазалзили душман аст
(last modified Fri, 28 Jun 2019 11:52:40 GMT )
Июн 28, 2019 16:52 Asia/Dushanbe
  • Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон; Роҳбурди қатъии Эрон муқовимат ва шикасти иродаи мутазалзили душман аст

Имом ҷумъаи муваққати Теҳрон гуфт; раҳгирӣ ва нобуд кардани пешрафтатарин парандаи ҷосусии Амрико ҳикоят аз роҳбурди қатъии Ҷумҳурии исломӣ бар муқовимат ва фурӯпошии иродаи мутазалзили душман дорад.

Ҳуҷаталислом валмуслимин Саидҳасани Абутуробифард, дар хутбаҳои ин ҳафтаи намози ҷумъаи Теҳрон,тасриҳ кард; роҳбурди қатъии ҷумҳурии исломии Эрон бар муқовимат ва фурӯпошии иродаи мутазалзили душман аст ва ин иродаи пулодини Эронро имрӯз тамоми сиёсиёни ҷаҳон, нерӯҳои вафодор ба ҷабҳаи муқовимат ва ҳатто дастнишондагони беҳувияти Амрико дар минтақа эҳсос кардаанд.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ба иддаъоҳои ҷаҳониён дар хусуси нуфӯз ва тасалути  Эрон дар минтақа ва шикасти сиёсатҳои Амрико ишора кард ва гуфт; стратегияи дифоъӣ ва боздорандагии Эрон паёми рӯшан ва муҳиме дорад,ки он посухи муҳкам, қотеъ ва сариъ ба ҳаргуна таъарӯз ба осмон, об, ва хоки Ҷумҳурии исломӣ аст.

Вай дар идома хотирношон кард; дар шароите,ки давлатмардони амрикоӣ қавонин, муқарарот ва муъоҳидоти байналмиллалиро  зери по мегузоранд ва дар ҷиҳати беэътибор кардани созукорҳои шинохта шудаи байналмиллалии  сулҳ ва амнияти ҷаҳонӣ гом бармедоранд, таҳримҳои вақиҳонаи давлати Амрико, давлат ва дасгоҳи ҳокимаи ин кишвар ро дар вазъияти як саркаши моҷароҷӯи байналмиллалӣ қарор додааст.

Имом ҷумъаи муваққати Теҳрон ҳамчунин ба пирӯзиҳои илҳомбахши ҷабҳаи муқовимат дар минтақа ишора кард ва афзуд: мавозеъи қотеъи раҳбари муъазззами Инқилоби исломӣ дар баробари паёми раиси ҷумҳурии Амрико ва ваҳдат ва инсиҷоми гурӯҳҳо, ҳизбҳои сиёсии Фаластин ва бархе аз давлатҳои Арабии исломӣ дар баробари нишасти Амрикоии Манома, хиёлпардозии Доналд трамп дар бораи Фаластин ро ба шикаст кашонд.