Июн 30, 2019 18:19 Asia/Dushanbe
  • Донишгоҳи Амир Кабири Эрон дар миёни бартаринҳои дунё

32 донишгоҳи Эрон дар рутбабандии 2019-и Шанхай дар радифи 500 донишгоҳи бартари дунё қарор гирифтанд.

Ба гузориши рӯзи якшанбеи ИРНА, бар асоси охирин рутбабандии низоми Шанхай, Донишгоҳи санъатии Амир Кабири Эрон дар 15 мавзӯъ, аз ҷумла муҳандисии дарё, металлургия, химия,  модда, компютер, умрон, автоматсиюн, механик, барқу электироника, риёзиёт, мухобирот, илму фанноварии абзоролот, муҳандисии пизишкӣ, энержӣ ва маъдан дар листи донишгоҳҳои бартар қарор гирифтааст.

Дар риштаи муҳандисии дарё Донишгоҳи санъатии Амир Кабир бо рутбаи 38 дар ҷамъи донишгоҳҳои бартари ин ҳавза ҷой гирифт.

Дар риштаи муҳандисии маъдан ҳам номи донишгоҳҳои Теҳрон, озоди исломии Эрон, санъатии Амир Кабири Теҳрон, санъатии Исфаҳон, Боҳунари Кирмон ва тарбияти мударрис дар ҷамъи 100 донишгоҳи бартар дарҷ шудааст.

Дар риштаи муҳандисии пизишкӣ Донишгоҳи санъатии Амири Кабир ва улуми пизишкии Теҳрон дар ҷамъи 300 донишгоҳи бартар ҳузур доранд.

Дар риштаи риёзиёт низ дар соли 2019 ба тартиб Донишгоҳи озоди исломӣ ва санъатии Амир Кабир, дар ҷамъи 500 донишгоҳи бартари ин ҳавза қарор гирифтанд.

Шанхай яке аз муътабартарин рутбабандиҳои ҷаҳонӣ аст, ки натоиҷи он тавассути донишгоҳи Шанхайи Чин мунташир мешавад.