Июн 30, 2019 20:03 Asia/Dushanbe
  • Панҷ медали шатранҷи қаҳрамонии мадориси Осиё ба намояндагони Эрон расид

Намояндагони шатранҷи донишомӯзии Эрон дар рақобатҳои қаҳрамонии мадориси Осиё соҳиби панҷ медали тилои ин рақобатҳо шуданд.

Ба гузориши рӯзи якшанбеи ИРНА, донишомӯзони шатранҷбози Эрон тавонистанд дар рақобатҳои шатранҷи қаҳрамонии мадориси Осиё, ки дар Тошканди Узбакистон баргузор шуд, панҷ медали тило, нуқра ва бронзро дар се бахши стандарт, сареъ ва барқосо касб кунанд.

Мусобиқоти қаҳрамонии шатранҷи донишомӯзии мадориси Осиё рӯзи гузашта дар Тошканди Узбакистон ба поён расид.

 

Барчасп