Июл 01, 2019 08:53 Asia/Dushanbe
  • Тасвиби оинномаи эътои иҷозатномаи иқомати панҷсола ба атбоъи хориҷии сармоягузор дар Эрон

Ҳайати вазирони Эрон дар ҷаласаи асри якшанбе,ба манзури ташвиқи сармоягузорӣ ва ҷазби манофеъи молӣ (арзии ) хориҷӣ,оинномаи эътои муҷавизи иқомати панҷсола ба атбоъи хориҷиро ба тасвиб расонд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии Раёсати ҷумҳурӣ, мутобиқи  ин оиннома,ҳадиақал маблағи мавриди ниёз барои эътои иҷозатномаи иқомати сармоягузорӣ барои атбоъи давлатҳои хориҷие,ки аз сӯи ҷумҳурии исломии Эрон ба расмият шинохта шудаанд муодили 250 ҳазор евра аст.

Бар асоси ин гузориш, сармоягузорӣ илова бар доллар шомили муодили арзии дигар арзҳои мавриди қабули Бонки марказии Эрон низ мешавад.

Спурдагузорӣ дар бонк, сармоягузорӣ дар авроқ мушорикат ва сармоягузорӣ дар ҳавзаи маскан, мутобиқи завобити ин оиннома ва бо риояти қавонин ва муқарароти ҷумҳурии исломии Эрон, аз ҷумла анвоъи супордагузорӣ мавзуъи ин оиннома аст.

Барчасп