Зариф: Эрон аз марзи 300 килограмм ураниюми ғанишуда убур кард
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i44828-Зариф_Эрон_аз_марзи_300_килограмм_ураниюми_ғанишуда_убур_кард
Вазири умури хориҷаи Эрон бо ишора ба бадаҳдии аврупоиҳо дар иҷрои тааҳҳудоти барҷомии худ гуфт, Эрон бар асоси банди 36-и БарҶом, аз марзи 300 килограмм ураниюми ғанишуда убур кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 01, 2019 16:18 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Эрон аз марзи 300 килограмм ураниюми ғанишуда убур кард

Вазири умури хориҷаи Эрон бо ишора ба бадаҳдии аврупоиҳо дар иҷрои тааҳҳудоти барҷомии худ гуфт, Эрон бар асоси банди 36-и БарҶом, аз марзи 300 килограмм ураниюми ғанишуда убур кард.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи душанбе дар ҷамъи хабарнигорон афзуд, Эрон хеле шаффоф ва ошкор тибқи барномае, ки аз пеш эълом карда буд, тааҳҳудоти худ дар БарҶомро коҳиш медиҳад.

Зариф афзуд, Эрон дар марҳалаи баъдӣ коҳиши тааҳҳудоти барҷомии худ аз сақфи ғанисозии 3 мумаййиз 67 дарсад убур хоҳад кард.

Вазири умури хориҷаи Эрон таъкид кард, дар сурате, ки аврупоиҳо иқдомоти лозимро барои иҷрои тааҳҳудоташон анҷом бидиҳанд, иқдомоти Теҳрон қобили бозгашт аст, вале агар иқдомоти лозимро анҷом надиҳанд, Эрон бар асоси банди 36 –и БарҶом иқдомоти худро коҳиш медиҳад.

Зариф бо баёни ин ки “Инстекс” (созукори молии Аврупо барои тиҷорат бо Эрон) як ҳаракати муқаддамотӣ барои иҷрои тааҳҳудоти Аврупост, изҳор дошт, баъд аз хуруҷи Амрико аз БарҶом дар ҳаштуми майи соли 2018 ва иҷрои моддаи 36 тавассути Эрон, аврупоиҳо 11 тааҳҳуд доданд, ки “Инстекс” ҳеҷ кадом аз он тааҳҳудот нест, балки муқаддимае барои иҷрои онҳост.

Вазири умури хориҷаи Эрон таъкид кард, аврупоиҳо то кунун на танҳо асли тааҳҳудоташонро анҷом надодаанд, балки ҳатто муқаддимаи иҷрои тааҳҳудоташон баъд аз ҳудуди 14 моҳ тоза амалӣ мешавад.